(Номаи сарбоз)
Падару модари ман омӯзгоранду аз хурдӣ дар хонаи мо як муҳити хуби маънавӣ ҳукмрон аст. Падарам, ки ба фарзандони мардуми деҳа аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегӯяд, як хонаамонро ба китобхона табдил дода, тамоми китобҳои нав нашршударо мехаранд.
Албатта ин ҳама ба мо бетаъсир намонд ва мо ҳама ба мутолиа шавқ дорем. Ҳафтавори «Оила»-ро аз рӯзе, ки худро ёд дорам, рӯйи мизи падару модарам медидам. Боз ҳамсояҳо бурда, хонда меоварданд, зеро дар деҳи дурдасти кӯҳистон на ҳар кас имкони пайдо кардани маҷаллаву рӯзномаҳоро дорад. Падару модари ман бошанд, ҳар ҳафта ба маркази ноҳия махсус барои харидани рӯзномаҳои тозанашр мерафтанд. Оҳиста-оҳиста ба ин ҳафтавор меҳр пайдо кардаму онро мехондам, аммо ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хотирам ҳам набуда, ки ба идораи он нома менависам. Аммо як дард маро маҷбур намуд хома ба даст гираму номанигорӣ кунам, ин дард хеле гарон асту хиёнату ноодамӣ ном дорад…
Орзуву омол
Мо дар оилаамон чор нафараем, калониҳо апаҳоям ҳастанд, баъд бародараму ман. Апаҳоям ҳар кадоме донишгоҳро хатм намуда, пайи зиндагии хеш шуданд, бародарам дар Донишгоҳи иқтисодӣ мехонд. Танҳо ман роҳи зиндагиямро дигар гуна интихоб намудам, ба падарам гуфтам, ки баъди хатми мактаб хизмати ҳарбӣ мераваму баъд ба деҳа баргашта, ба як тиҷорат оғоз мекунам. Падарам марде ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ дили моро намешикананд ва чизе, ки мо гӯем, дастгирӣ мекунанд. Он кас розӣ шуданд.
Ин орзуи ман ҳам аз рӯйи нанг буд, боре дар як нишаст як марди ҳамдеҳаамон гуфт, ки ватандӯстии мо хасакист. Масалан, падари ту худашро чун як “патриот” нишон медиҳад, аммо апаҳоят ҳам хонда, дар ноҳияҳои дигар шавҳар карда, ба мардуми дигар минтақа фоидаашон мерасад. Акаат низ баъди хатми донишгоҳ дар шаҳр монданӣ аст, аз ватандӯстӣ ҳарф мезанаду дар ободонии ноҳия як хишт нагузоштааст, ҳол он ки ободии Ватан аз ободии ҳар деҳа сар мешавад. Ман ҳамон ҷо пеши худ мақсад гузоштам, ки ба хизмати Ватан мераваму баъд дар деҳа як фермаи чорводорӣ бунёд хоҳам кард. Барои ин хондан лозим набудагист, падарам ин нияти маро шунида гуфт:
-Майлаш, аз пайи амалӣ намудани орзуҳоят шав, шояд баъд ғоибона ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил мешавӣ. Ин маслиҳатро чун дуои падар қабул намудаму ба комиссарияти ҳарбии ноҳия рафта, ариза навиштам, ки маро ба сафи артиши миллӣ сафарбар кунед. Дар замони мо ҷавононе, ки ба ин амали накӯ даст мезананд, камшуморанд ва аҳли деҳаву устодону кормандони коммиссарияти ҳарбӣ ба ман офарин мегуфтанд…
Ишқи аввал
Синфи ҳашт мехондам, ки ба Асияи ҳамсинфам дил бастам, чашмони қаҳваранги ин сабзинаи хушқомат диламро бурда буданд. Вохӯриҳои Асия дар доираи одобу ахлоқи ҳамида доир мегаштанд. Мо ба ҳамдигар ҳарфи хуш мегуфтем, меҳрубонӣ мекардем, паёмакҳои ошиқона менавиштем, шабона зери маҷнунбеди пушти хонаи онҳо роз мегуфтем, аммо оғӯшу бӯсаву канор надоштем. Гумон мекардам, ки агар дасти Асияро миёни дастонам гирам ё ба оғӯшаш кашам, зебоие ба номи ишқ мешиканаду маънои худро гум мекунад. Мо ба ҳам унс гирифта будем, Асия ба сарбозӣ рафтани маро шунида, зиқ шуд, ҳатто гирист. Ман ба ӯ гуфтам, ки ҳамин сол акаам донишгоҳро хатм мекунаду оиладор мешавад. ӯ ҳамсарашро ҳамроҳаш ба шаҳр мебарад, алаккай падару модарам тамоми пасандозашону пулҳои солиёни зиёд аз фурӯши меваҳои боғу молу ҳоламон ҷамъ кардаро сарф намуда, барояш хонаи дуҳуҷрагӣ хариданд. Ҷойи кораш низ тайёр, ӯ вақтҳои бекорияш дар як бонки шахсӣ ба ҳайси муҳосиб кор мекарду сарвари бонк ваъдааш додаст, ки ба кораш мегирад. Ман бошам, бо падару модарам мемонам, ҳамин ки муҳлати сарбозиям ба охир расид, ба хонаатон хостгор мефиристам… Ману Асия бо ҳам кохи забарҷади бахт месохтему ҳатто ба фарзандони хаёлиямон низ ном ёфта будем. Ману Асия хайрухуш кардему ман рӯзи дигараш ба аскарӣ рафтам. Ишқи Асия маро болу пар мебахшид, ба хотири фардои дурахшон зиндагӣ мекардаму зиндагии душвори сарбозиро таҳаммул…
Сарбози таърифӣ
Ман кӯшиш мекардам, ки дар қисми ҳарбӣ низ чун дар мактаб фаъол бошам, аз ин рӯ, ҳама гуфтаи командиронро иҷро мекардаму вақтҳои холигӣ ба китобхонаи қисми ҳарбӣ рафта, китоб мехондам. Ягона ташвишам ҷудоӣ аз Асия буд, зеро ман бо ӯ имкони телефон кардану гап задан надоштам. Падар ва чор бародари Асия мардони тақводор буданду маҳбуби дилам ҳеҷ гоҳ телефон надошт. Ман гоҳ-гоҳ аз телефони кормандони қисми ҳарбӣ ба волидонам занг зада, аҳвол мепурсидам, падару модарам ба хабаргириям меомаданд. Аммо наметавонистам аз онҳо дар бораи Асия пурсам. Ман дар як ноҳияи дурдасти наздисарҳадӣ хизмати модар- ватанро ба ҷо меовардам. Аз хизматам як солу шаш моҳ гузашту як рӯз падарам ба хабаргириям омада, кулчаву ширинии бисёре оварда гуфт, ки ҳафтаи дигар тӯйи бародарат аст. Агар тавонам, ҷавобат мегирам, аммо нашуд, командирамон ба қисми ҳарбӣ ташриф овардани ашхоси воломақомро баҳона карда, ҷавобам надод. Ман зиқ шудаму аз падарам ҳатто напурсидам, ки киро барои акаам хостгорӣ карданд. Дар ин миён модарам ҷарроҳӣ шуданду дигар касе ба хабаргирии ман наомад, хизмати ҳарбиро ба сари баланд ба итмом расонида, ба хона баргаштам.
Шок!!!
Ман бе хабар додан ба хонаамон равон шудам, дар саргаҳи деҳа аз мошин пиёда шудам. Фасли баҳор буду шоми деҳа орому хеле зебо, чун ба ҳавлиямон ворид шудам, падару модарам рӯйи кати зери ҳавозаи ангур чой менӯшиданд. Дуртар аз онҳо духтараке бо сари хам зери рӯшноии чароғ дар мошинаи дарздузӣ чизе медухт, яқин кардам ки зани бародарам аст. Ман бо овози баланд салом гуфтам, падару модарам аз рӯйи кат парида хестанд, онҳо бо навбат маро оғӯш мекашиданду мебӯсиданд. Баъди вохӯрии гарму ҷӯшон бо волидайн, ман ба чеҳраи духтараки дарздуз, ки акнун рост истода, ба сутун такя карда буд, нигаристаму қариб буд ҳушам равад, дар рӯ ба рӯям Асия меистод. Модарам ҳайрати маро дида гуфт:
-Асияро келин кардем, акнун янгаат мешавад.
Гӯшҳоям ғуввос заданд, дилам аз синаам майли баромадан дошт, мехостам фарёд занам, вале ба зӯр худамро доштам…
Дар деҳа чанд рӯзи дигар истодам, волидонам пайваста як чизро такрор мекарданд, ки бароят келин интихоб кардему занат медиҳем. Янгаат бо хотири ҷамъ назди акаат бояд равад, вале маро ба ин суханон кор набуд, билет гирифтаму ба нею нестони волидонам нигоҳ накарда, ба Русия рафтам. Чанд рӯзи дар Русия буданам, бо Асия гап намезадам, ӯ низ худашро аз ман канор мегирифт. Ман ба ӯ ва ишқаш нафрат доштам, ба бародарам низ, ки дар ин қазия гунаҳгор набуд…
Ҳама чиз мегузарад…
Аз ин ҳодиса понздаҳ сол гузашт, ман шаҳрванди Русия ҳастам ва фермаи орзу кардаамро дар яке аз деҳаҳои вилояти Иркутски ин кишвари бепаҳно сохтам. Зиндагии шоҳона, ҳамсари порсову чор писари нозанин дорам, ҳамсарам аз тоҷикони Бухорост, ки ҳамин ҷо шинос шудам. Волидонам пир шудаанд ва муддатҳо бо ман дар Русия мемонанд. Ман дигар ба ватан нарафтам, зану фарзандонамро ҳар тобистон равон мекунам, вале худам нарафтам. Ҳеҷ кас сабаби ин амали маро намедонад, танҳо худам медонаму Худо.
Бо бародарам муносибатҳоямон хуб аст, ӯ низ гоҳ-гоҳ ба Русия наздам меояд, зиндагии тинҷу осуда дорад, бо Асия соҳиби ду духтару ду писаранд. Ман бо янгаам ҳеҷ гоҳ гап назадаам ва ӯ низ боре сабаби ин амалашро кӯшиши гуфтану худашро сафед карданро накард. Акаам шӯхӣ мекунад, ки як духтараамро барои писарат келин гир, вале ман намехоҳам. Ҳамсарам бо Асия муносибатҳои хуб дорад ва ин таклифи акаамро дастгирӣ мекунад, аммо ман қатъиян зид ҳастам. Шояд Асия аҳдашро мешикасту ба каси дигар ба шавҳар мебаромад, мебахшидамаш, аммо ӯ ба ман сюрпризе кард, ки тамоми умр аз ба ёд оварданаш ҳар тори мӯям ба дард меояд…
Сарфароз