Sebiston new 2024 october
Арӯсам рӯймол пӯшидан намехоҳад
2494

Салом, ман Карим, аз шаҳри Душанбе ҳастам.

Духтареро дӯст медораму нияти ӯро ба занӣ гирифтанро дорам. Дилноз духтари зебо, вале аз ҳад зиёд замонавӣ аст. Чанд маротиба аз ӯ хоҳиш кардам, ки то рӯзи тӯямон чӣ хеле мехоҳад, либос пӯшад, вале ягона хоҳишам баъди издивоҷ ҳамин аст, ки либоси маҳкам пушаду ба сар рӯймол бандад. Ман омодаам, ки бар ивази ин кораш ӯро зани хушбахттарини дунё гардонам.

Барояш беҳтарин либосҳои занонаву ҷавоҳирот ва мошин ҳам харида медиҳам, вале дӯстдоштаам тамоман бо ин қарори ман розӣ нест ва ҳамеша бо ҳамин сабаб байни мо моҷаро сар мезанад. Дилноз мегӯяд, ки ба либоспӯшияш кор нагирам ва чӣ хеле дилаш мехоҳад, ҳамон тавр либос мепушаду сари луч мегардад.

Шояд дар ҷои ман марди дигар мешуд, дарҳол аз баҳри чунин духтари гапнодаро мегузашт, вале ман Дилнозро аз ҷонам бештар дӯст медораму аз даст додан намехоҳам. Маро як чиз ба ҳайрат меорад, ки чаро духтарон ин қадар замонавӣ шудаанду ҳатто ба хотири шахси дӯстдоштаи худ гузашт кардан намехоҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД