Spitamen
АРӮС ПИРУ БАХТАШ МИР
02.06.2021
Оила
2679

 Писарам духтари аз худаш калонро дӯст дошта, мехоҳад бо ӯ издивоҷ намояд. Аллакай хешу табор ба ҳоли ман хандида, аз келини калонсолро ёфтанамон таъна мезананд. Писарам бо зани ёфтааш хушбахт мешуда бошад?

Мастура, ш. Хӯҷанд

Машварати равоншинос

Мутаассифона, на ҳамеша фарқияти синнусолӣба навхонадорон бахт меорад. Ҷавон калонсол бошад, ҷомеа инро хуб қабул мекунад, вале калон будани духтар боиси шўру валвалаи атрофиён мешавад. Шояд онҳо ҳасад мебаранд?

Фарқияти синну соли марду занро ба се давра тақсим кардан мумкин асту дар ин давраҳо муносибати ҷуфтҳо на танҳо аз меҳру муҳаббат, балки бештар вазъи моддӣва иҷтимоӣвобастагӣдорад. Давраи аввал безарар аст, ба он ҷуфтҳое дохил мешаванд, ки дар издивоҷ духтар ду-се сол аз ҷавон калонтар аст. Чунин фарқият он қадар таъсирнок нест. Байнашон муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣҳукмрон бошад, хушбахт мешаванд. Ба синни нафақа расед ҳам, касе бо ангушт шуморо нишон дода, масхара намекунад. Ҳусни зан аз зебоии мард дида давомнок асту касе фарқияти синну солиро пай намебарад.

Барои он ки мард дар чунин издивоҷ худро ноҳинҷор эҳсос накунад, зан бояд заифу хурдсол буданашро нишон диҳад. Хуҷаини хона бояд мард бошад. Барои ин бояд таъмини зиндагиро бар дўшаш бор кард. Давраи дуюму сеюм душвор, чунки ҷомеа онро қабул намекунад.

Ба давраи дуюм мардоне дохил мешаванд, ки ҳафт ё даҳ сол аз занашон хурд ҳастанд. Чунин фарқияти синну сол сару садоҳоро бармеангезад, ки чаро мард бо зани аз худаш калон издивоҷ намудааст. Шояд сабаб дар боигарии зан бошад, вале на ҳамеша чунин аст. Мардоне ҳастанд, ки занкалон будан мехоҳанд ва занҳои ботаҷрибаву калонсол табъи дилашон аст. Ин тоифаи мардон аз кўдакбозӣхаста шудаанду мехоҳанд ҳаёти худро бо зани таҷрибадор пайваста, дилпурона зиндагӣнамоянд.

Ба давраи сеюм марду занҳое дохил мешаванд, ки фарқияти синну солашон аз бист сол зиёд ва зан баробари модару модаркалони мард аст. Чунин фарқияти синнусолӣдаҳшатнок аст.

Ба гумон аст, ки зани дар ин синну сол буда, мардро бо ҳусну латофаташ ҷалб намуда бошад, сабаби чунин издивоҷ бештар манфиатҷўии мард аст. Зан дар ин синну сол барои он шавҳари ҷавон мекунад, ки ҷавонтар намояд. Мард бошад, бонуеро меҷўяд, ки зиндагияшро таъмин созад. Ин тоифаи одамон шавқу завқи умумӣнадоранд. Бо сабаби ба наслҳои гуногун таалуқ доштанашон ҳам дар ҷамъияту ҳам дар бистар якдигарро қонеъ карда натавониста, ба зудӣба дили якдигар мезананд.

Вақте духтар аз ҷавон калонсол аст, ин маънои онро надорад, ки оқибати издивоҷашон ҷудоист, ҳамааш аз то кадом андоза калон будани фарқият ва асил будан ё набудани муҳаббаташон вобастагӣдорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД