(ИДОМААШ)
Духтардуздон
Корамро ба сомон расонида аз корхона баромадам. Дар сари роҳ як мошини сиёҳшиша истода буд, вале ба он эътибор надода, сархам бо роҳи худ рафтан гирифтам. Мошин аз пасам равон шуд ва дар хамгашти кӯча якбора дараш кушода шуда марди пурқуввате маро кашолакунон ба дарунаш кашид. Зуля ва ҳамон марди ҳабисро дар мошин дида, дуд аз димоғам баромад. Ҷонҳавл дасту по зада, худро аз мошин партофтанӣ шудам, вале латтаи бадбӯеро ба даҳонам зер карданду аз ҳуш рафтам. Чашмонамро кушода худамро дар хонаи барҳавои ношиносе дидам. Зани бадқавоқе чашм кушоданамро дида омирона гуфт:
-Инҷа хонаи очат нест, ки кайф карда хоб равӣ, тез хеста ҳаммом куну рӯю мӯята ба тартиб биёр, ҳозир «клиент» расида меояд!
Фаҳмидам, ки беваи Зуля маро боз ба кадом даллаи дигар фурӯхтааст, пеши пойи зан афтода, гиряву зорӣ намудам, ки маро ба хонаамон ҷавоб диҳад, вале заррае раҳму шафқат дар вуҷуди ин тоифа набудааст. Даллаи хонасӯхта ба бари рӯям чанд шаппотӣ зада, гуфт, ки вақ-вақ накарда аз паси иҷрои амраш шавам, вагарна ҳозир аз чаккаи сарам хун мегирад. Ночор ба қисмати талхам тан дода ба ҳаммом даромадам.
Канизи безабон
Хулоса, қариб се моҳ асири ҳамон далла будам. Он худобехабар маро ҳар рӯз ба ҳар кас мефурӯхт. Ҳақ надоштам эътироз намоям, мабодо лаб во кунам, шатта мехӯрдам. Аз ҷонам сер шуда, чанд бор қасди худкушӣ кардам, вале рӯзу соати умрам ба поён нарасида будаасту марг ҳам мани дар гирдоби ифлосӣ ғарқшударо қабул кардан намехост. Аз байни ҳамон «клиентҳо» якеаш маро дӯст дошта, пешниҳод намуд, ки зани дуюмаш шавам, вале рад кардам. Метарсидам, ки маро ду-се рӯз зан карда, баъд фоҳиша будӣ гуфта аз дараш меронад. Ба ӯ саргузашти талхамро нақл карда, гуфтам, ки маро дуздида ғуломи ин далла намуданд ва хоҳиш крдам, ки аз доми ин модагурги дупо раҳоям созад. Дили мардак ба ҳоли зорам сӯхту ваъда дод, ки барои гурехтанам кӯмак мерасонад, вале…
Фирор аз оғӯши мӯйсафед
Бори охир маро ба як мӯйсафеди пир фурӯхтанд. Риши сафеди дароз, саллаи пур аз чирк ва ҷелаки сабз дошт. Вақте ҷелак ва саллашро кашид, хона чунон бӯй гирифт, ки дилам беҳузур шуд. Гиря карда гуфтам: «Бобоҷон, ман набераатон мешавам, илтимос, ба ман нарасед!» Мӯйсафед заҳрханда карда «набераи ман дар хонаам, туро бошад, бар ивази пули калон харидам. Имшаб то саҳар аз боғат анор мечинам» гӯён, дасташро ба пешобағалам бурд. Торсакии обдоре ба рӯяш задам, аммо мӯйсафед боқувват будааст, чанг зада аз гиребонам дошту дар як дам маро болои кат хобонда, лабони парсингбастаашро ба лабонам зер кард ва бо дастони шахшӯлаш пойҳоямро навозиш кард. Ба болои сарам чашм дӯхта оинаи болои ҷевонча истодаро дидам ва дастамро дароз карда, онро гирифтаму ба шаст ба сари мӯйсафед задам. Оина шикаста ба сараш даромад ва хун фаввора зада баромаду мӯйсафед аз ҳуш рафт. Ман аз фурсат истифода бурда худамро аз тиреза партофта гурехтам.
Наҷот
Сарлучу пойлуч ҷонҳавл дар кӯча давида ба куҷо рафтанамро худам ҳам намедонистам. Пас аз чанд лаҳзаи девонавор давидан мошине дар наздам қарор гирифт ва ронанда шишаи тирезаашро фароварда пурсид, ки дар ин нимашаб тани танҳо ба куҷо равонам. Ба рӯяш нигаристам, марди нӯронӣ намуд, чизе нагуфта ба мошинаш нишастам ва зорӣ намудам, ки тезтар маро аз ин мавзеи касофат бубарад. Раҳораҳ сарнавишти ғамангезамро ба ронанда нақл кардам. Раҳмаш омада пурсид, ки маро куҷо барад. Суроғаи хонаамонро гуфтам. Бечора дар ҳамон нимашаб маро ба манзилам расонда ба дасти модарам супурд.
Маро бубахш ё бикуш!
Падару модарам дар ин се моҳи бе ному нишон гум шудани ман аз ғам ҷигархун шуда бошанд ҳам, сиррашонро ба ҳамсояҳо бой надода, гуфтаанд, ки дар хонаи аммаам ҳастам. Модарам маро зиндаю саломат дида, зор-зор гирист. Ронандаи наҷоткорро падархонд гирифта ба аҳли оилаамон гуфтам, ки агар ҳамин марди нек намебуд, зинда намемондам. Ронандаро гусел кардему шаб то саҳар нахобида, ман бо чашми гирён тамоми саргузашти нангинамро ба модарам нақл кардам. «Хешут табор, ва падару бародаронат аз ин ҳодиса хабардор нашаванд, ки обрӯямон мерезад ва шармандаи ду олам мешавем» гӯён, модарам гаштаю баргашта таъкид намуданд, ки ин сирри нангинро ба касе нагӯям. Тақрибан се ҳафта пас аз бозгашт саломатиам бад шуд ва модарам маро ба духтурхона бурд. Табибон тахшис намуда, гуфтанд, ки аллакай се моҳа ҳомиладорам ва исқоти ҳамл кардани кӯдак номумкин гаштааст. Ноилоҷ ба тақдирам тан додам ва ин кӯдаки бетолеъро ба дунё овардам. Акнун тақдири ҳардуи мо дар дасти туст, агар тавонӣ бубахш, натавонӣ, ману бачаамро куш, то аз ин шармандагию азоби дӯзах халос шавем!
Хиради мардона
Домод хеле фикр карда ба хулосае омад, ки Замира дар ин фоҷиа гуноҳ надорад, зеро макри бевазани далла Зуляи худозада ҳаёташро сӯхтааст. «Дар дунё ҳама хато мекунад. Худованд мебахшад, чаро бандааш хатои бандаи дигари Худоро набахшад?» гӯён, вай аз китфони арӯсаш дошта, оҳиста аз пешонааш бӯсид ва сипас модарашро садо намуда дурӯғ гуфт, ки писарчаи таваллудкардаи Замира фарзанди худи ӯст ва пеш аз ба Русия сафараш намуданаш вай бо ин духтар ҳамболин гашта буду Замира покдомон аст. Модари домод ба ин гапи писараш бовар кард ва деги ош монда, модару хешу ақрабои арӯсро ба зиёфат даъват намуд. Пас аз як ҳафтаи дигар зану шавҳари ҷавон тифлаки парпечро ба оғӯш гирифта ба тайёра нишастанд ва самолёт боз ба Русия парвоз кард…
АНҶОМ!