Азнавсозиҳо сар шуданду ҷанги шаҳрандӣ оғоз гашт, як муддат Аскаршо бекор гашт, вале бо фаро расидани аввалин рӯзҳои осоиштагӣ, боз ба кор оғоз кард, акнун ӯ нисфи корхонаи акнун харобу валангорро харида, ба ободонии он камари ҳиммат басту муваффақ гашт.
Ин марди меҳнатӣ бо меҳнати ҳалоли хеш соҳиби сарвату моли зиёде гашт, писаронаш паси ҳам мактабро хатм карда, ба Амрико ба хондан рафтанд, вале луъбатаки бозингарашон майле ба хондан надошт, вале падараш ӯро зӯран ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил кард. Нигора акнун хонашин буд, зеро хонаи сермеҳмонашонро ҳатто ду хизматгор уҳда карда наметавонистанд.
Сабрин бошад, даст ба косаи тар назада мехӯрду мехобид, телевизор тамошо карда, дугонабозӣ мекард. Рӯзҳои дароз ба донишгоҳ меравам, ба дарси иловагӣ меравам гуфта, модарро фиреб медоду бо ҷавонони айёшу духтарони мисли худаш беҳудагард тарабхона ба тарабхона мегашт. Аскаршо шабу рӯз ба кор банд буду ба хориҷи кишвар ба сафари хидматӣ мерафт ва аз корҳои духтари дӯстдораш хабар надошт.
Нигораро бошад зӯраш ба духтараш намерасид ва метарсид, ки ба падараш ҳамаро гӯяд, аммо бехабар аз он ки офтобро бо доман пӯшонида намешад… Як шаб сӯҳбат бо меҳмонони хориҷӣ то дер давом карду Аскаршо ҳангоми бозгашт сари роҳ дар назди мошине духтарашро дид, бо домани кӯтоҳ лабу рӯяш ранг карда, мисли хонумҳои хиёбонӣ. Нигора ба мошин савор шуду ронанда бод барин онро ронд, Аскаршо низ ба ронандааш фармон дод, ки онро пайгирӣ кунад. Мошине, ки Нигора дар он савор буд, дар назди тарабхонае ист кард ва ӯ бо ҷавоне даст ба даст вориди тарабхона шуданд.
Хуни Аскаршо ҷӯшид, зеро то ҳол бовар дошт, ки он фоҳиша Сабрини ӯ нест… Мард аз мошин пиёда шуда, ба тарабхона даромад ва як корманди тарабхонаро ба гӯшае бурда, ба дасташ чанд саддоларӣ гузошта гуфт:
-Ҳу ҳамон духтарро мешиносӣ?
-Ҳа,- гуфт, ҷавони пешхизмат ва илова кард,- вай худашро Натали мегӯяд, мегӯянд духтари як раиси калон аст. Ошиқонашро ҳар рӯз дигар мекунад, ҷавонон аз ҳисоби ӯ мехӯранду мераванд, агар хоҳед, ман ӯро бо шумо шинос мекунам, бовар дорам, не намегӯяд… Аскаршо бо як мушти гарон сухани пешхизматро бурид ва аз тарабхона баромад, ҷавон ҳайрони зор гоҳ даҳони ғарқи хунашро медошту гоҳ ба саддолариҳои дасташ менигарист…
Аскаршо даруни мошин даромад ва ба ронандааш чизе нагуфта, як ҳабби таскинбахшро зери забонаш партофта, интизор нишаст…. Пас аз як соат Сабрин ва ҷавон масту махмур аз тарабхона баромада, ба мошин нишастанд ва мошини Аскаршо онҳоро пайгирӣ кард…Пас аз тай намудани роҳи начандон тӯлонӣ мошини таъқибшаванда ба паскӯчае тоб хӯрд ва Аскаршо ба ронандааш амр кард, ки ӯро ба хонааш барад. Ронанда аз ин таъқибкориҳои хӯҷаинаш чизеро намефаҳмид, зеро духтари ӯро қариб надида буд ва фикр мекард, ки он ҷавон ё духтар ягон хеши хӯҷаин бояд бошанд….
Аскаршо аз танкӯча гаштани мошин фаҳмид, ки Сабрин куҷо меравад, зеро хонае, ки корхона ҳанӯз дар тӯяш ба ӯ тақдим карда буд, дар ҳамон кӯча воқеъ буду ба ҳурмати ёди ҷавонӣ пас аз сарватманд шудан ҳам, мард ӯро нафурӯхта буд. Ин хонаи таъмирдидаи пурҷиҳоз, ки баъзан ҳамроҳи Нигора ба он ҷо мерафтанд, ба ишратхонаи духтараш табдил ёфта будааст…
Аскаршо аз мошин фаромада, бо ронандааш хайрухуш кард ва вориди ҳавлияш шуд, ҳавлӣ ҷиму ҷит буд, Нигора чун одати деринааш бедор менишаст ва ба пешвози Аскаршо баромад. Шавҳар бори аввал дар сӣ соли зиндагӣ ҳамсарашро аз худ дур карда нагузошт, ки ӯро бибӯсад ва бо чашмони торси хун пурсид:
-Сабринро ҷеғ зан!
-Сабрин, зора карда ҳамроҳи дугонаҳояш ба деҳа рафтанд, як ҳамкурсаш чанд духтари шаҳриро ба сайри табиат даъват кардааст… Аскаршо бори аввал дар зиндагияш ба сари зан даст бардошт, ба сари модари фарзандон, Нигораи азизаш ва шаппотии сахте ба баногӯши ӯ фароварду аз дасташ кашола карда, занро ба мошинаш шинонида гуфт:
-Ҳозир мебинӣ, ки духтарат бо кӣ «сайри табиат» рафтааст!-Нигора танҳо он гаҳ аз ҳолати карахтӣ ба худ омад, ки шавҳараш каш-кашон ӯро ба ошёнаи сеюм, ба хонаи аввалини заношӯияш баровард ва бо калиди худаш дарро кушод. Онҳо пайи ҳам ба хона даромаданд, рӯйи кати хоб духтари эркаи онҳо масти хоб буд, дар бағали ҷавонмарде… Аскаршо тасмаашро аз миёнаш кашида, ба тани урёни духтараш задан гирифт, ҷавони ошиқаш аз доду фарёди Сабрин бедор шуда, либосҳояшро гирифта, рӯ ба гурез ниҳод. Ақаллан ҳарфе ба дифои маъшуқааш нагуфт.
Нигора худро ба болои духтараш партофта, шавҳарашро зорӣ мекард, ки худро дар назди ҳамсояҳо шарманда накунад. Оташи ғазаби Аскаршо хеч хомӯш намешуд, вай рӯи фарш нишаста, рӯяшро бо дастонаш пӯшида, зор-зор мегирист, Нигора низ баробари ҳамсараш мегиристу духтарашро дуои бад мекард. Сабрин либосҳояшро пӯшида, бо сари хам назди водидонаш менишаст, Аскаршо дасти духтарашро гирифта, ӯро аз дар берун кард ва гуфт:
-Дафъ шав, ки дигар башараатро набинам, ту барои ман мурдаӣ!-Сабрин бо як аҳволи зор ба сари кӯча баромад, мошинҳо аҳён-аҳён аз он гузар карда, касе ба вай аҳмият намедод. Ҳамин вақт як мошини кӯҳнаяки «Нива» истоду аз он ҷавонмарде берун шуда, назди духтар омад ва аз вай авҳол пурсид. Сабрин дурӯғ гуфт:
-Шавҳарамро бо маъшуқааш доштам ва ӯ маро се талоқ карда, аз хона ронд…
-Хонаи волидонат куҷост, ман туро мебарам,- бо дилсӯзӣ гуфт ҷавон.
-Ман ҳеҷ кас надорам, ӯ маро аз ятимхона гирифта буд,- бо гиря боз гапи дурӯғ зад Сабрин.
-О-номарде,- нидо кард ҷавон ва гуфт:- Ман туро ба деҳа мебарам, баъд ба як хулоса меоем…,-мошин он қадар роҳ гашт, ки субҳ дамид ва Сабрин дид, ки дар як дашти бекарон рафта истодаанд. Деҳаи гуфтагии ҷавон дар доманакӯҳе ҷой доштааст, ки ҳамагӣ панҷ оила он ҷо зиндагӣ мекардаанд. Хонаи волидони ҷавон, ки худро Асад муаррифӣ карда буд, хеле камбағалона ва фарсуда буд, падару модар ва хоҳари Асад аз дидани меҳмони булаҷаб ба ҳайрат омаданд.
Давом дорад