Arzon march 2024
Арӯс аз «калян-бар» (ҚИСМИ 2)
2305

Бозгашт аз ғурбат

Ман кори хубе ёфтаму ба падарам пули зиёд мефиристодам, ў муаллимиро бас карда, ба тиҷорат даст зад ва дар пойтахт ҳам ҳавлӣ гирифту ҳам хонаи панҷҳуҷрадор, аммо модарам ҳеҷ ба шаҳр омаданӣ набуд, қишлоқро дўст медошт. Падару модарам маро бисёр зорӣ мекарданд, ки баргардам ва ман баъди ҳашт сол дарёфтам, ки чӣ қадар марди заиф будаам, ки ба хотири як бевафои беаҳд худро аз дидори волидайн ва фарзандони падарам бенасиб гардондам. Ростӣ, падарам ду-се бор наздам омада буд, вале модарамро сахт ёд карда будам. Тасмим гирифтам, ки ба ватан бармегардам, ҳамроҳи падарам ба тиҷорат даст мезанам ва духтари хуш карда ёфтаи модару апаҳоямро ба занӣ мегирам.

Ба ватан баргашта, аз зебоиҳои пойтахти кишвар ба ваҷд омада будам, чӣ қадар зебо шуда буд Душанбеи нозанин, шаҳри ҷавониҳои ман! Дар роҳ бо як ҳамсабақам вохўрдам, ў аз тарки донишгоҳ кардани ман изҳори афсўс карду гуфт, ки ў ҳам аз рўи тахассусаш кор намекунаду тиҷорати хурде дорад. Ман дар як меҳмонхона ҷо гирифта будаму мехостам мошин харида, баъд ба деҳа равам. Волидонам медонистанд, ки ман ба наздикиҳо бармегардам, аммо рўзи муайяни омаданамро намедонистанд. Сафо маро ба як тарабхона даъват кард, баъди сарфи ғизо ў гуфт, ки «калян-бар»-и хуберо медонаду гоҳ-гоҳе барои роҳат чилим мекашад. Ман ҳам гоҳ-гоҳ дар як тарабхонаи туркӣ дар Маскав чилим мекашидам ва мо рафтем.

Духтараки чилимкаш

Дар мизи рў ба рўи мо духтараки зебое нишаста, чилим дуд мекард, аз чашму абрўвони сиёҳаш маълум буд, ки тоҷик аст. Духтарак он қадар зебо буд, ки ба қавле оби хўрдааш аз гулўяш метофт. Чун Сафо дастшўӣ рафт, худро дошта натавониста, назди духтарак нишаста, бо ў шинос шудам. Хумор хомўш қалами сиёҳи ороишияшро аз сумкааш бароварда, дар салфеткаи болои миз рақами телефонашро навишта, ба ман дароз карда гуфт:

- Аз ин ҷо баромадӣ, занг зан.

Духтар пештар аз мо баромада рафт, ман бегоҳ ба ў занг задам ва кӣ буданамро гуфтам. Вохўрӣ таъин кардем, Хумор бо либоси миллии тоҷикӣ назадам ҳозир шуд. Мо дар як тарабхонаи лаби дарё то нимашаб ҳарф задем. Духтарак гуфт, ки модараш барвақт вафот кардаасту падараш зани дигар гирифт. Моиндар духтаракро зиёд азоб медиҳаду ў баъди хатми мактаб аз деҳа гурехта, ба шаҳр барои хондан меояд, Донишгоҳи омўзгориро хатм карда бошад ҳам, дар тарабхонае пешхизмат шуда, ба кор медарояд.

- Ман пеши виҷдони худам покам, духтари бокираам, телефонамро ба ҷавононе, ки маъқулам мешаванд, медиҳаму бо онҳо вомехўрам, агар мақсади ҷиддӣ надошта бошанд, ҷавобашонро бар ҷояшон медиҳам,- гуфт ӯ зимни суҳбат.

Ростӣ, ба Хумор бовар накардам ва гуфтам:

- Ягон ҷавони хунгарм ба ту ягон кори ношоиста кунад, наметарсӣ?

- Намекунад… Зеро ман худамро муҳофизат карда метавонам, ман аз нозукиҳои ҷанги тан ба тан огоҳам! Як сол дар оилаи як турк хизматгор будам ва чилимкаширо аз зани ҳамон турк, ки бароям мисли модар шуда буд, ёд гирифтам ва гоҳ-гоҳе мекашам, дигар ягон одати бад надорам, хоҳӣ, бовар кун, хоҳӣ не!

Ростӣ, ба ин нозанин аз дилу ҷон ошиқ шудам ва як моҳ дар Душанбе монда, ўро омўхтаму аз сарвари тарабхонае, ки кор мекард, маслиҳат пурсидам ва баъд ўро ба деҳа овардам.

Олиҳаи бахт

Падару модарам аз шодии дидори ман ҳатто напурсиданд, ки ҳамроҳат кист? Онҳо розӣ буданд, ки ман бо албастӣ зиндагӣ кунаму дар барашон бошам. Овозаи аз Маскав арўси тоҷик овардани ман дар деҳа овоза шуд. Падару модарам мулло оварда, моро никоҳ карданду ману Хумор зану шавҳар шудем. Тўямон ҳам хеле зебо гузашт, аз тарафи арўс касе иштирок надошт, апаи хурдиям дугонаи арўс шуд. Хумор бо рафтору гуфтори зебо ва хўрокҳои бомаззааш зуд дили волидонамро ёфт. Ў ба падару модарам он қадар меҳрубон буд, ки ногуфтанӣ, апаҳоям дар чеҳраи ў боз як хоҳар ёфтанд. Бо маслиҳати падарам Хумор дар мактаби деҳа ба кор даромад, ў аз фанни забони русӣ ба хонандагон дарс мегўяд. Ману падарам тиҷоратамонро васеъ кардему зиндагиямон ғанитару зеботар шуд, имрўз соҳиби як духтару як писараки нозанин ҳастем…

Хонандагони азиз! Шояд як қисми шумо маро маломат кунеду як қисми дигаратон офарин гўед, ин кори шумост, аммо мақсади ман аз навиштани қиссаи зиндагиям ин буд, ки ба ҳамдигар бовар бояд кард.

Баъзе гуноҳҳоро бахшидан даркор, шояд ҷавони дигар мебуд, ба духтаре аз «калян-бар» ҳаргиз ошиқ намешуду ўро ба занӣ намегирифт, аммо ман бовар кардам. Бигузор чароғи бовари ҳар яки мо сабзу мунаввар бошад.

ОРИФҶОН

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД