Армон (ҚИСМИ 1)
958

- Худованд раҳмату мағфират кунад, инсони нек буд. Афсӯс, ки инсонҳои нек дар зиндагӣ бисёр азоб мекашанд. Гуфти гапҳо, на танҳо камбағалро аз болои шутур саг мегазад, балки инсонҳои некро низ ҳамчунин... Аксарият аз хубии инсонҳои хуб истифода мебаранд. Э воооой, чеҳраи маъсумаш пеши назарам меояду дилам тангтар мешавад. Бечора кампир қариб се сол чашмонаш кӯр шуду дунёи бе ин ҳам торик барояш ториктар гашт,- оҳи чуқур кашида гуфт Саида, ки солҳо Шоистахоларо нигоҳубин мекарду аз ҳолу аҳволаш бохабар буд.

Саида ба дугонааш дарди дил карда, ҳунг-ҳунг мегирист. Банди рӯймоли кабудаш аз пок кардани ашк ранги дигар гирифта буд.

- Дар бораи кӣ гап мезанед, Саидаҷон?,- суол кард ногаҳон ронандаи таксӣ Нурбону.

- Дар бораи як ҳамсояи аз зиндагӣ ҷафодидаамон.

- Кадом ҳамсояатон?,- кунҷкобона пурсид ронанда.

- Шоистахоларо мегӯям.

- Кадом Шоистахола?,- ҳайрон шуда боз пурсид Нурбону.

- Ҳамсояи рӯ ба рӯямон. Ҳамон Шоистае, ки шавҳараш дар болояш зан гирифту ҳамроҳи модараш бо як писар, дар шароити ниҳоят душвор тарк карда рафта буд.

- Шоистахолаи тоқидӯзро мегӯед?,- боз пурсид Нурбону.

- Ҳа, ҳамон Шоистахолаи тоқидӯз. Ӯ баъдан тоқидӯзи машҳур шуд. То ин дам хонаҳои мардум ба мардикорӣ мерафт. Бо сари занияш алаф медаравид, кӯлух мерехт, шудгор мекард, ҷомашӯиву ношта мешуст. Боз шабонгоҳ омода тоқӣ медӯхт.

- Шоистахола бонуи бадавлат набуд?

- Не, Шоистахола бо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ бадавлат шуд. Бо дуои сабзи хушдомани пираш соҳибсарват шуд. То ин дам чӣ азобҳое накашид. Чӣ рӯзҳое надид. Чӣ таънаву маломат ва чӣ таҳқиру ҳақорат нашунид. Дар охир соҳиби давлату сарват шуд, вале фарзанд нохалафу келин нобоб баромад.

- Ҳаааа, Худованд илоҳо ба фарзандон ҳам, ба келинҳо ҳам инсофу тавфиқ диҳад.

- Омин!,- даст ба дуо бардошт Саида бо дугонааш.

- Ростӣ, Саидаҷон, ман ҳам дар муҳоҷирӣ будам. Солҳо аз ватан дур... Дар ин муддат дар ватани азизамон чӣ қадар тағйирот шудааст. Дар як шаҳри худамон Истаравшан ин қадар биноҳои зебою замонавии баландошёна бисёр шудаанд, ки гоҳе фикр мекунам ҳоло ҳам аз Дубай барнагаштаам,- табассум карда гуфт Нурбону.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД