Ман як донишҷӯдухтар ҳастам, ки як сол боз дар Аврупо таҳсил мекунам. Азбаски дар оила як духтар ва хеле эрка будам, бо хоҳиши худам маро барои таҳсил ҳамроҳи бародарам ба Аврупо гусел карданд.
Мани сода, ки чӣ будани ғарибӣ ва дурӣ аз наздиконро ҳатто тасаввур намекардам, дар муддати як сол сахт волидонамро пазмон шудааму акнун мехоҳам зудтар ба Ватан баргардам. Бояд боз як соли дигар таҳсил кунаму дипломамро гирифта, ба Ватан баргардам, вале ҳис мекунам, ки агар як соли дигар истам, ба ягон беморӣ гирифтор мешавам.
Бар замми ин, нархи билет ҳам хеле гарон аст. Бародарам дар ин ҷо кор мекунаду базӯр хароҷоти якмоҳаи моро мепӯшонад. Аз рӯзи ба Аврупо омаданам хеле тарсончаку гирёнчак шудаам, ҳар рӯз бо бародарам ҷанг карда, руҳафтодаву маъюс мегардам, вале ба волидонам сир бой намедиҳам. Чӣ кор карданамро намедонам. Метарсам, ки агар як соли дигар истам, аз зиқӣ сахт бемор мешавам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Хонандаи “Оила”.