Вазорати корҳои дохилии кишвар муборизаро алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир торафт пурзӯр мегардонад.
Тӯли шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қариб 3 тонна маводи нашъаовар пайдо ва мусодира карда шудааст.
Тавре вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт: “Дар нимсолаи аввали соли равон 502 ҷинояти вобаста ба муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор ба қайд гирифта шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 2 тоннаву 963 килограмм воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст”.