Sebiston new 2024 october
Қаҳрамониҳои тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
1431


Санаи 9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи бисёр кишварҳои олам ва умуман башарият аст. Халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои сангин ва фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронидааст, бинобар ин, рӯзи Иди Ғалаба як пораи сарнавишт, як саҳфаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корнамоиҳои падарону бобоёнамон дар арсаи мудҳиштарин ҷанг дар таърихи ҷаҳон мебошад.

Башарият дар масири таърих дигар чунин ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфта бошад, аз сар нагузарондааст. Бо гузашти 78 сол аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзиш ва шаҳомати корномаи беназири Ҷанги Бузурги Ватанӣ боз ҳам равшантар мегардад.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, дар он беш аз 72 давлатҳои хурду бузург ширкат варзидаанд ва доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40-давлат вусъат ёфта буд.

Дар набардҳои ин ҷанг беш аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо дар майдони набард ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз дар маҷмӯъ бештар аз 55 миллион одамон қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба азоб гирифтор гардиданд.
Аз рӯи ҳисоби коршиносон зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ҳарчанд Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон фарсах дур буд, вале садои мудҳиши зангулаи наҳси он фарзанони Тоҷикистонро ҳам ба он водор намуд, ки мардонавор пайи ҳифзи Ватан камар баста, ба ҷанг раванд.

Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёде додааст. Беш аз 250 ҳазор нафар фиристодагони диёри мо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза аз худ шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Зиёда аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудаанд, ки қариб 60 нафари онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар дорандаи ордени «Шараф» мебошанд.

Аввалин задухурди ҷангии тоҷикистониён дар қалъаи Брест ба амал омада, сарбозони тоҷикистонӣ о дигар халқу миллатҳо паҳлӯ ба паҳлӯ истода, зарбаи аввалини душманро ба дӯши худ қабул карданд. Германияи фашистӣ бо мақсади дар зудтарин фурсат ишғол кардани хоки Шӯравӣ 2-юми октябр соли 1941 шаҳри Москваро муҳосира намуд. Дар назди ҷанговарон вазифаи муқаддасе истода буд, ки шаҳри Москва ҳимоя намоянд.

Дар чунин вазъияти душвор моҳи ноябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон ба ҳимояи Москва рафт, ки онро полковник А.Ставенков роҳбарӣ мекард. Ҳамин тавр то охири муҳорибаи Москва фиристодагони Тоҷикистон қаҳрамониҳои зиёде нишон дода, зиёда аз 150-нафарашон ба ордену медалҳо сазовор гаштанд.

Аввалин ордени Ленинро тоҷикписар М. Иброҳимов барои нест кардани 6-танку 16 БТР-и душман соҳиб гаштааст. Номи дигар фидоиёни Ватан: Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М.Маҳкамов, И.Обидов, А.Очилов, инчунин зани тоҷикистонӣ Нина Лабковская дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидаанд.

Муҳорибаи Сталинград калонтарин муҳорибаи тақдирсоз дар рафти Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, 200-шабонарӯз давом кардааст. Германия ба Сталинград 237-дивизияи худро равона карда, даҳҳо ҳазор бомбаву мина ба сари ин шаҳр фаромад ва аксари муассисаҳои таълимию иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматии мардумро харобу валангор кард. Дивизияи 61-уми кӯҳгарди Тоҷикистон низ дар баробари дигар аскарони Шӯравӣ ба ҳимояи Сталинград рафта, ба дасти ҷанговарони тоҷикистонӣ дар ин муҳориба 3500 нафар аскар, 8 самолёт зиёда аз 40 танк, 46 туп, 40 пулемёт, 300 автомашинаи душман несту нобуд карда шудаанд. Барои ҷасорат нишон додан дар ин муҳориба 527 нафар аскарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Дар қатори онҳо М.Холматов, Р.Анваров, А.Сулаймонов ва дигар ҷавонмардон буданд, ки корнамоиҳояшон дар саҳифаи таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадан сабт шудааст.
Муҳорибаи дигаришадид дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин муҳорибаи шаҳрҳои Курск ва Орёл буда, дар ин набарҳо аз ҳарду тараф 2 млн. ҷанговарон иштирок намудаанд. Ҷанговарони тоҷик дар ин муҳориба низ қаҳрамонӣ нишон додаанд. Аз ҷумла, дастаи ҷангии Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев новобаста аз ҷароҳат бардоштан, шуҷоат нишон дода, унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро соҳиб гардидаанд.

Саҳифаи дигари мураккаби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин муҳорибаҳо барои гузаштан аз дарёи Днепр мебошад, ки тирамоҳи соли 1943 рӯй додааст. Дар ин набардҳо барои нишон додани ҷасорат ва мардонагӣ ба чанд нафар ҷанговарони тоҷикистонӣ-Д. Азизов, Ҳ. Қосимов, К. Қаюмов, И.Ёқубов ва дигарон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шудааст.

Фарзандони шуҷоъи Тоҷикистон Г. Назаров, Ш. Исоев, Ш.Ибрагимов, Т.Одилов ва Туйчӣ Эйҷигитов, ки дар муҳорибаҳои назди Балтика, шаҳри Ленинград ва Волохов шуҷоат нишон додаанд, номашон абадан дар сафҳаи таърих сабт шудааст.
Дар мубориза баҳри озодии Латвия, Полша, Чеховсловакия, Украина ва Берлин бошад, фиристодагони тоҷикистонӣ: Ч.Урозов, И.Шарипов, Ф.Аҳмадов, Н.Балакин, А.Гардеев барои корнамоиҳои бемислашон унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро сазовор гардидаанд.

Дар баробари намояндагони касбу кори мухталиф дар ин ҷанг 1492 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоxикистон низ ба ҳимояи Ватан бархостанд, ки чор нафари онҳо, аз ҷумла Недашивин Веньямин Григорьевич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзоев Магамет Ховаджи, Новосельцев Михаил Иванович унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро сазовор гардидаанд.

Хулоса, натиҷаи чунин шуҷоату мардонагии тамоми мардумони Шӯравӣ буд, ки урдуи гитлерӣ 8-уми майи соли 1945 мағлубияти худро қабул карда, рӯзи 9-май ҳамчун Иди Ғалаба бар фашизм дар саҳифаи таърихи башар бо ҳарфҳои заррин сабт гашт. Корманоиҳои бобоёни шуҷоеъ ва делерамон ҳаргиз аз ёди мо зудуда нахоҳад гашт.

Идатон муборак қаҳрамонон!
Бахтиёр Самиъзода, подполковники милитсия.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД