Lmarka 2025
Арабистони Саудӣ қоидаҳои ҳаҷи фарзиро тағйир дод
296

Арабистони Саудӣ қоидаҳои сафар ба ҳаҷи фарзро тағйир додааст. Аз охири моҳи апрели соли равон зоирин дигар наметавонанд бидуни раводид - визаи махсус барои анҷом додани ҳаҷ ба шаҳри Макка ворид шаванд.

Аз 29-уми апрели соли 2025 дар Арабистон барои зиёрати Каъба ва анҷом додани ҳаҷ аз зоирин раводиди махсус талаб карда мешавад. Тавре Кумитаи дин, танзими анъана ва расму оини ҷумҳурӣ хабар додааст, дар робита бо тағйироти наве, ки Арабистони Саудӣ барои ҳоҷиён ҷорӣ намудааст, минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ ба шаҳри Макка барои анҷом додани ҳаҷ сафар карда наметавонанд.

Қаблан аксари шаҳрвандони Тоҷикистон бо воситаи Ӯзбекистон ва Русия барои анҷом додани ҳаҷи умра бо визаи сайёҳӣ ба Арабистон сафар мекарданд ва бархе то мавсими ҳаҷи фарзӣ он ҷо мемонданд, вале дигар бо ин усул ба зиёрати ҳаҷ рафтан ғайриимкон мегардад.

Шахсоне, ки бо раводиди сайёҳӣ барои зиёрати ҳаҷ ба Макка рафта, ба чанг меафтанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Барои чунин амал дар Арабистони Саудӣ ҷавобгарӣ дар шакли ҷаримаи калон, маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати шаш моҳ ва берун кардан аз кишвар - депортатсия ба муҳлати то 10 сол пешбинӣ шудааст.

Ин тағйирот танҳо ба ҳаҷи фарзӣ дахл доранд ва касоне, ки ба ҳаҷи умра рафтаниянд, метавонанд бе мамоният ин корро анҷом диҳанд.

Арзиши ҳаҷи фарзӣ имсол 56 800 сомонӣ муқаррар шуда, Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7000 квота ҷудо кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД