Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, бастаи озуқавориҳоро ба 600 ятими 13 шаҳру ноҳияҳои кишвар барои 12 моҳ тақдим менамояд.
Маркази дастгирӣ ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ҳар моҳ кумаки моддӣ мерасонад. Тавре гуфта мешавад, ки ин кумакҳо ба шаҳри Душанбе, ноҳияи Айнӣ, Истиқлол, Бӯстон, Данғара, Кӯлоб, Файзобод, Санвор, Рашт, Роғун, Ваҳдат ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон расонида мешавад.
Ҳар як бастаи озуқаворӣ иборат аз орд, равған, биринҷ, намак, нахуд, шакар, макарон, лубиё ва чой, ки дар маҷмуъ 69,5 кг дарбар мегирад, иборат аст.
Лоиҳа барои дастгирии 500 кӯдакони ятим аз шаҳру навоҳии Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи н. вилояти Хатлон ва 100 нафар бачагони ятими Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ равона гардидааст.