Зиндагии сагона
Дар оилаи носолим ба дунё омада, ягон рӯзи хушро надидам. Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, падарам ҳамеша масту аласт ба хона омада модарамро зери мушту лагад мегирифт. Мо ҳеҷ гоҳ хӯроки серӣ ва либоси навро намедидем, чунки модарам ягон маълумоту ҳунар надошт, падарам бошад, пули ёфтаашро ба шароб сарф мекард. Хешу табор ба моён либосҳои куҳнаи фарзандонашонро медоданд. Падару модар дошта бошем ҳам, мисли сағераҳо бо кӯҳнаколои мардум ба воя мерасидем.
Писар баҳонаю шароб ғанимат
Модарам паиҳам се духтар зоида буду алами беписариашро баҳона карда падарам ҳар рӯз менӯшид ва пойҳояшро базӯр кашолакунон то хона расида «ту барои ман меросхӯр таваллуд накардӣ» гӯён, ҳақоратборонро сар мекард. Баъзан косаи сабри модарам лабрез мешуду бо овози баланд дод мезад:
-Э Худое, канӣ ҳамон мероси ту?! Нохуне надорӣ, ки тахтапуштатро бихорию боз шон меросдор!
Ин пешхезии модарам ба гулхани қаҳру ғазаби падари ҷоҳилам равған мерехт ва бо тамоми овоз ба сари ӯ ва «ҷинқарча»-ҳояш, (падарам мо, се духтарашро ҳамин тавр меномид, вале маънояшро то ҳол намефаҳмем) хоки дунёро бод карда носазо мегуфт.
«Гадолуччак»
Дар мактаб ману апаҳоям аз дасти падари бадмастамон обрӯ надоштем, пишаки касеро пишт гӯем, дарҳол таъна мезад: «Муред, бо ҳамон падари алкашатон, гушнамастҳои ҳаром!» Духтари Носири тоҷир Фазиламоҳи каттача боре маро шарманда кард. Модари Фазиламоҳ ҳамсинфи модарам буд ва баъзан ӯро барои тоза кардани хонаҳояш даъват намуда бар ивази меҳнаташ маҳсулоти хӯрокворию либосҳои куҳнаи худашу духтарашро медод. Рӯзе модарам як даста либосҳои Фазиламоҳро оварда шӯсту дарзмол кард. Фардояш ман ҳамон куртаи сафеди пар-паргиребон ва туфличаҳои ялаққосии сурхи зеборо пӯшида шоду масрур ба мактаб рафтам. Баробари ба остонаи мактаб қадам мондан, ҳама устодону муаллимон ба сӯям боҳавас нигаристанд. Дар қатори пагоҳирӯзӣ директори мактаб, маро ба саҳни ҷамъомад даъват карда таъриф карду гуфт:
-Ана хонандаи мактаб чӣ хел мешавад! Баъзеи шумо саҳар аз хоб хеста рӯятонро нашуста ба мактаб медавед. Офарин ба ҳамин духтарак, синфи шаш бошад ҳам, аллакай фарҳанги либоспӯширо хеле хуб медонад. Шумо аз ӯ ибрат гиред!
Аз афташ таърифу тавсифи директор ба Фазиламоҳ нафорид, ки аз байни издиҳом нидо кард: «Ҳуй гадолуччак, модарам нафаҳмида куртаи нави маро ба модари мардикорат додааст, ҳозир ба хонаатон рафта онро барору тоза шӯй, ки бӯйи бадат равад, баъд оварда ба ман деҳ, набошад дар байни мардум лучакат карда мемонам!»
Маро бубахш, дугонаҷон!
Аз шунидани ин суханони нешдори бойдухтари бераҳм аламам омад ва худамро дошта натавониста зор-зор гиристам, нисфи талабаҳо ба ҳоли ман механдиданд, нисфи дигарашон бо тараҳҳум ба ман менигаристанд. Ба дарс надаромада гирёну нолон ба хона рафтам, модарам ҳоли зори маро дида сарамро ба синааш пахш намуду баробари ман талх гирист, баъд тамоми либосҳои додаи очаи Фазиларо ҷамъ карда ба дасти апаам дод, то бурда ба модараш диҳад. Апаам рафта омаду як лаҳза пас худи Оишахон-модари Фазила дар рӯи ҳавлиямон пайдо шуд. Ин зан баръакси духтараш хеле меҳрубон будааст, вай аз модарам узр хоста гуфт:
-Дугонаҷон, духтари аҳмақи маро бубахш. Намедонам, чаро вай ин қадар каждумзабон аст. Аз афташ ба аммаҳояш рафтааст. Бовар кун, чунон адабашро додам, ки гириста-гириста хобаш бурд…
Холаи Оиша маро навозиш карда ба дастам як қабза пул дод, то рафта куртаи нав харам. Пули дарозкардаашро нагирифтам. Хок дар сари муҳтоҷӣ, модари бечораам, гӯё чизе нашуда бошад, дугонаашро ором карда пули дароз кардаашро гирифт ва ба таври худ Фазиламоҳро сафед карданӣ шуда «кӯдак аст, ҳоло ба маънии гапаш сарфаҳм намеравад» гуфт. Як ҳафта ба мактаб нарафтам, вале роҳбари синфамон ба хонаамон омада маро бо худаш ба мактаб бурд.
«Ғул»-и худӣ
Бо гузашти рӯзҳо ин воқеа фаромӯш гашт, вале падарам ҳамоно менӯшид ва ба лою гил ҷӯлида ба хона меомад. Зиндагии сагонаи мо идома дошт, аммо бо ақли кӯдаконаам дарк намекардам, ки чӣ даҳшате маро дар пеш аст…
Як шаб падарам масту аласт омада ба қавли ҳамсояҳо консерт нишон дода хоб рафт. Мо ҳамагӣ ду хона ва як айвон доштем, дар як хона ману апаҳоям мехобидему дар дигараш волидонам. Намедонам соат чанди шаб буд, ки дар болоям нафас гирифтани сиёҳие маро бедор кард. Чашмонамро кушода дарк кардам, ки сиёҳӣ падарам аст. Вай маро девонавор мебӯсид ва ба ҷойҳои маҳрамонаам даст мебурд. Аз тарс дар ҷоям шах шудам…
Уқдаи дил
Он вақтҳо ман нав синфи ҳафт мехондам, падари бадмастам аз тарсончакиам истифода бурда, зуд-зуд ба хоначаи мо даромада маро азоб медод. Ин ҳол ду сол давом кард. Бо падарам гап намезадам, ҳатто ба рӯяш наменигаристам, модарам баъзан маро ҷанг карда мегуфт: «Ҳарчи ҳам набошад, вай падарат аст, нисбаташ ин қадар бадбинӣ накун, ки гунаҳгор мешавӣ, духтарам!» Насиҳатҳои модарам ба ҷигари ман мисли корд мехалиданду дар дил худ ба худ мегуфтам: «Эй занаки сода, агар фаҳмӣ, ки шабҳо ин падари бузургвор бо духтараш чӣ кору рафторҳои ҳарому пургуноҳ мекунад, яқин худатро ба дор меовезӣ!»
Сирри ҷигарсӯз фош шуд
Оқибат панду насиҳатхонии модарам ба ҷонам зад ва рӯзе уқдаи диламро назди модарам во кардам. Бовараш наомада ба зарда гуфт:
-Ҳой духтар, чиҳо мегӯӣ?!
Намедонам пас аз ин гуфтугӯи ман бо модарам байни волидонам чӣ гуфтугузор шуд, ки падарам минбаъд амалҳои шайтонияшро бас кард, вале нӯшиданашро напартофт.
Захми дил
Солҳо пайи ҳам мегузаштанду мо бо азобҳои зор ҳам бошад, ба воя мерасидем, чун духтарони меҳнатӣ ва сарпаст будем, ба ахлоқи баду майхорагии падарам нигоҳ накарда моро ҳаққу ҳамсоя келин карданд. Ман низ дар деҳа келин шудам. Шавҳарам инсони хуб ва меҳрубонест, Худованд ба мо духтарчаи зебоеро лоиқ дидааст, ки имрӯзҳо ба сесолагӣ қадам мениҳад. Шавҳарам духтарчаамонро зиёд дӯст медорад, вале ман ба ӯ боварӣ надорам. Аз ҳамон вақте ки падарам худро болои ман афканд, дилам захмин аст. Дар назарам ҳама мардҳо мисли падарам ҳабис менамоянд. Тарси замони кӯдакӣ маро то ҳол раҳо намекунад, бинам, ки шавҳарам духтарчаамонро бағал кардааст ё шабона назди катчааш меравад, аз ҷоям як қад парида мехезам. Метарсам, ки мабодо вай ҳам мисли падарам ….
Гуноҳатро намебахшам, падар!
Падари кофири беимони ман синнаш ба ҷое расида бошад ҳам, то ҳол арақ менӯшад. Атрофиён гумон мекунанд, ки ман танҳо ба хотири майхора буданаш бо падарам гап намезанам, вале онҳо намедонанд… Намедонанд, ки дар пардаҳои чун қоғаз сафеду муҷаллои хотираҳои кӯдакии ман падари ҳайвонсиратам чӣ нақшҳои ҳароме гузоштааст. Ман ба падарам нафрат дорам ва ин нафратро бо худ ба гӯр мебарам. Дар қиёмат ҳам аз гиребонат мегирам, ота!
Хонандаи шумо
Таснифи Дилошӯб