Зани тоҷиқ, зани босабртарини дунёст! Инро барои он намегӯям, қи ман тоҷиқам. Инро аз зиндагии ақсари бонувони шиносам мебинам ва мушоҳида меқунам. Яқе аз ин гуна занҳо апаҷони худам аст, апаи нозанину порсо ва серазобам. Шояд хонандаи азизи ҳафтавори «Оила» гумон қунад, қи ман язнаамро бад мебинам ва аз ин хотир, қиссаи зиндагии апаамро рӯйи қоғаз овардаам?
Асло не, на танҳо ман, аксари инсонҳое, қи ӯро мешиносанд, ба язнаам дер ё зуд нафрат пайдо мекунанд. Аммо мо- аҳли хонавода ҳамагӣ ба ӯ бо эҳтироми зиёд муносибат мекунем, зеро метарсем, ки рӯзи сиёҳи апаам аз ин бадтар нашавад. Шояд гумон кунед, ки язнаам як марди ҷоҳили бесавод.
Беҳтарин духтари хонавода
Мо дар оила чор духтар ва чор писар ҳастем, волидонам бо нони ҳалол моро ба воя расонидаанд. Чун дар деҳаи дурдасти кӯҳистон ба воя расидаем, ихтиёрамон дар дасти волидон буд. Аз ин рӯ, писарони хонавода ҳамагӣ маълумоти олӣ доранду мо- духтарон не. Апаҳоям ва баъдтар маро дар ҳамсоягиамон келин гирифтанд. Апаи миёнагиам Соро, ки баҳунартарину хубтарин духтари оилаамон буд, ба хонаводае келин шуда рафт, ки номдор ба ҳисоб мерафт. Домодшаванда дар Душанбе мехонду баъди хатми донишгоҳ ҳамон ҷо монд.
Апаам чӣ азобҳое, ки накашид… Даҳ понздаҳ сол дар хобгоҳ зиндагӣ карданду баъд ба зӯр як хонаи якҳуқрагӣ харида, он ҷо рафтанд. Мо ҳама медонистем, ки язнаам чӣ гуна инсони ҷоҳил аст, борҳо апаамро бо сару рӯйи кафидаю сиёҳ низ дидаем, аммо ӯ ягон бор аз шавҳараш шикоят намекард. Як писару як духтарашро бисёр хуб тарбия мекунад. Ман аз сабру матонати апаам дар ҳайрат мемондам, охир ӯ ҳеҷ гоҳ ба шикоят лаб намекушод…
Раиси бе курсӣ
Шавҳари ману язнаҳои дигарам ҳамагӣ корҳои хуб мекунанду мо низ зиндагии шоистае дорем, аммо онҳо ҳурмати моро ба ҷо меоранд. Мо бошем дар навбати худ хизмати онҳоро мекунем, аммо шавҳари Соро…
Ин марди ҷоҳил як мансабақи хурде дорад, вале пайвандонашро маҷбур мекунад, ки ӯро раис номанд. Акнун ӯро бо мазоҳу масхара ҳама шеф ё раис мегӯянд. Аммо язнаам аз раисгӯйиҳои писхандомези атрофиён ончунон ғурураш боло мегирад, ки ногуфтанӣ. Мо ҳама медонем, ки ӯ танҳо дар як ҷо раис аст, дар хонаводааш дар сари апаҳаки бечораи ман. Мо кӯшиш мекунем, ки ба хонаи апаам як ё дусоата равем, ягон бор нашудааст модарам ё ману дигар апаҳоям дар хонаи ӯ шаб хоб рафта бошем. Бародари калониям дар шаҳр ҳавлӣ гирифту писарашро зан дода, сокини пойтахт кард. Ҳар гоҳе ба шаҳр равему апаамро диданӣ шавем, ӯро ба ҳавлӣ даъват мекунем. Шавҳараш, қи асло парвои дар як якхонагии танг чӣ гуна зиндагӣ кардани аҳли байташро надорад, аз бонк қарз гирифта, барои худаш мошин харид. Акнун ин мошини шалақ ягона ифтихори ин мард аст, чизи дигар ин ангуштарини тиллоии калонест, ки ӯ ба ангушташ меандозад. Куртаю костюм ва галстукҳои арзонбаҳо ва ангуштарии калони тиллоӣ, ӯро дар назар хандаовар нишон медиҳад. Бало ба паси ҳамаи ин агар азобҳои апаам намебуданд…
Худам калу дилам нозук…
Язнаам марди безеб аст, рӯйи аз ҳад калон, дасту пойҳои борик ва шикамчаи баромадае дорад, вале ҳамеша ба апаам айб меёбад. “Ту замонавӣ нестӣ, либоси замонавӣ намепӯшӣ, кор намекунӣ, ман ҳайф шудаам” ин ибораҳое ҳастанд, ки болои шаттаю шаллоқи ин палид зам шудаанд. Апаам гоҳ-гоҳе инро ба ман мегӯяд…
Таънаҳои язнаам асар карданду апаам дар хонаи бачаҳо доя шуда, ба кор даромад. “Ту зани раисӣ, бояд замонавӣ гардӣ” гӯён, шавҳараш маҷбур мӯйи сари ӯро зард кард. Ба апаи сифр қишлоқии ман ин ороиш назебид ва ӯ аз сари нав мӯяшро ранги сиёҳ кард. Барои ин нописандӣ шавҳараш ӯро чунон зери мушту лагад гирифт, ки як ҳафтаи дароз дар бистар монд. Шояд аз ин моҷаро низ бехабар мемондем, аммо ман ҳамон рӯзҳо дар шаҳр будаму чун ӯ ба ҳавлӣ наомад, ба хонааш рафтам, албатта вақте, ки ин муштзӯр дар кор буд. Апаам бо гиря моҷарои хонаводагияшро ба ман нақл карда, аз ман қавл гирифт, ки ба касе нагӯям. Баъди чанде боз мӯйҳои апаам зард шуданд. Ман дигар дар ин бора аз вай чизе напурсидам. Фарзандонаш ҳам падарашонро дӯст намедоранд, зеро азобҳои модари зорашонро мебинанд, аммо чӣ кор ҳам кунанд.
Шавҳари ман қорманди ҳифзи ҳуқуқ асту бо гузашти солҳо дар шаҳр кор ёфту мо ба пойтахт кӯч бастем. Апаам аз ин гардиши ҳаёти ман хурсанд шуд, аммо язнаам, ҳатто як бор нагуфт, ки ҳамроҳи шавҳарат ба хона биёед. Апаам намегуфт, вале медонистам, ки аз мансаб гирифтани шавҳари ман ҳам рашкаш омадааст, зеро хеле бахил буд. Гумон доштам, ки духтараш донишҷӯ шудаасту писараш низ калон ва шавҳараш дигар ба сари ӯ мушт намебардорад, вале ин хел набудааст…
Қоқи шикаста ё гунаҳкори бегуноҳ
Як субҳи барвақт духтари апаам занг зада, бо гиря хабар дод, ки модарам касал асту биёед холаҷон. Аз тарс ларзаам гирифту гуфтам, ки гӯширо ба модарат деҳ, аммо ҷиянам бо овози ларзон гуфт, ки очам гап зада наметавонад. Ба духтарам гуфтам, ки барои падарашу додаронаш наҳорӣ тайёр кунаду худам таксӣ гирифта, ба хонаи апаам рафтам. Ӯ рӯи бистар бо қоқи баста мехобид, чашмони маҳзуну гирёнашро ба сӯям дӯхта, даҳон кушода наметавонист.
Шавҳараш дар хона набуд, писараш ба мактаб рафту духтараш гуфт, ки имрӯз дарс намеравад. Ман аз гардсӯзи пӯхтаи духтараш бо найча ба вай камтар хӯрондаму гуфтам ором хоб рав ва ба ошхона гузашта, аз ҷиянам пурсидам, ки чӣ гап шуд? Нигор чашмонашро ба як нуқта духта гуфт:
-Холаҷон, ман мегӯяму шумо илтимос ба касе нагӯед. Бегоҳӣ модарам ош пухта буданд, падарам ҳам барвақт омаду сари дастархон нишастем. Падарам гуфт, қи ҳама пули ҷамъ кардаамонро барор, рӯзи якшанбе мошинро ба бозор мебарам, онро фурӯхта, болои ин пул монда, мошини қимматбаҳо мехарам.
Модарам тарсида тарсида гуфт:
-Мардакҷон, намешавад, ки хонаамонро кушодтар кунем? Охир, бачаҳо калон шудаанд, фардо ба духтарамон хостгорӣ меоянд, мардум айб мекунанд. Гапи модарам дар даҳонаш, ки падарам аз ҷой хесту бо шатта дар рӯяш зад, ҳолӣ ту дар сари ман зур шудӣ гуфта. Баъд ӯро кашола карда, ба хона бурда боз зад… Имшаб модарам то субҳ гирист, баъд падарам ӯро ба духтур бурду ана ҳамин хел бо қоқи баста овард. Ба мо гуфт, ки модарат афтида, қоқашро шикастааст….
Ҳаромхиштак
Пас аз шунидани ин нақл, асабам вайрон шуду ба хона даромада, ба апаам гуфтам, ки ин ҳаромро ба милиса медиҳам. Аммо ӯ ду даста аз доманам дошта гирист ва ман коре карда натавонистам…
Апаам баъди ин чор моҳ пас ба худ омад, ман дигар кай хоҳам, ба хабаргирияш мерафтам, чашми язнаи ҳаромам тарсад, ин соҳиб дорад гуфта. Зеро дигар пайвандонам аз қавоқҳои андохтаи вай безор буданду умуман сӯйи хонааш намерафтанд, падару модарам бошанд, пир шуда буданд…
Як рӯз ба апаам занг задам, ки овозаш гирифта буд ва гуфт, ки таб дорад. Зуд хомшӯрбо пухтаму ба хонааш рафтам, шавҳараш ҳам ҳамон ко будааст. Вай даҳони паҳни безебашро паҳнтар карда, дандонҳои ба мехи зангзада монандашро ба ман нишон дода, “биёед” гуфт, ман низ салом дода, ба зӯр аҳволпурсӣ карда, назди апаам даромадам. Рӯз бегоҳ мешуд, таксӣ фармоиш додам, апаам зарфи хӯрокбурдаи маро шуста доданӣ шуда, ба ошхона даромад, аз он ҷо овози язнаам меомад, ки мегуфт:
-Хоҳаратро гӯй шинад як шаб, худат касал, хизмат мерасонад, як шаб оғӯши язнаша гарм кунад, ҳеҷ гап не ку…
Апаам чизе нагуфту зарфро гирифта омад, рангаш пахта барин канда буд. Ман ҳам гӯё чизеро нашунида бошам, бо ӯ хайрухуш кардам, аммо язнаам ба ин иктифо накарда, сарашро аз дари ошхона броварда гуфт:
-О ман мебурдам, чаро таксӣ фармоиш додед?
Ба зӯр худамро доштам, ки дар рӯйи рафидамонандаш туф накунам ва хайр гуфта, аз ҷаҳаннамхонаи апаам баромадам…
Инак, шаш моҳ мешавад, ки поямро ба дари хонаи апаам намемонам, аммо ӯ гоҳ-оҳе меояд.
Дилам ба ҳоли апаи сокини ҷаҳаннамам сахт месӯзад, вале намедонам чӣ кор кунам, зеро ӯ худаш аз ин дӯзах озодӣ намехоҳад ва ба тақдираш тан додааст.
Барно