sebiston july new
Анор-давои шамолхӯрӣ
25.02.2024
ОИЛА
1049

Дар фасли зимистон мо, одамон –тез шамол хӯрда, ба зуком ва дигар бемориҳо гирифтор мешавем. Барои он ки шамолхӯрӣ шуморо аз по наафтонад, бештар меваю сабзавот хӯрданатон лозим аст, зеро дар таркиби ин хӯрданиҳои лазиз ва гуворо витаминҳои зиёде мавҷуданд, ки ҷисми инсонро пурқувват гардонида, барои саркӯб намудани вирус ва бактерияҳо ёрӣ мерасонанд.

Зуком шудӣ, анор хӯр!

Дар рӯйи мизи шахсе, ки ба зуком ва шамолкашӣ гирифтор шудааст, бояд ҳатман анор бошад. Чаро?
Гап дар сари он аст, ки анор манбаи асосии витаминҳо мебошад. Дар таркиби ин меваи дурдонанамо витаминҳои А, С, Е, В1 ва В2 зиёд буда, ҳамчунин он аз оҳан, калий, кальций, кремний ва йод бой аст.

Чаро табибион шарбати анорро тавсия медиҳанд?

Ягон шарбати мева мисли шарбати анор аз антиоксидантҳо бой нест. Аз ҳамин сабаб ба маризоне, ки бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ ва касалиҳои дигари вазнинро аз сар гузаронидаанд, табибон маҳз шарбати анорро тавсия медиҳанд, зеро он дар мубориза бо вирус ва актерияҳо хеле пуртаъсирбуда, барои зудтар барқарор шудани саломатии инсон ёрӣ мерасонад.

Фоидаи анор ба шахсоне, ки ангина доранд

Ба шахсоне, ки ба ангина ва ларингит гирифтор шудаанд, маслиҳат медиҳем, ки гулӯяшонро бо шарбати анор чайқонанд. Шарбати анор барои табобати пардаи луобии даҳон ва стоматит низ фоидабахш мебошад.

Таб кардед, шарбати анор нӯшед!

Вақте ки табби одам баланд шуда, ӯро талбарза фаро мегирад, дарҳол як дона анорро ҷафида, шарбати онро ба бемор додан лозим аст. Шарбати тозаи анор ташнагиро шикаста, ба паст шудани табби мариз ёрӣ мерасонад. Фақат дар ёд дошта бошед, ки шарбати анорро бо оби гарм омехта кардан лозим аст, то ки кислотаи дар таркибаш мавҷуд буда эмали дандонҳоро вайрон накунад.
Ин буд чанд маълумоти муфид дар бораи фоидаҳои шарбати анор. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД