Formula novemver 2024
Анонси шумораи №30-юми ҳафтаномаи “Оила”
1603

Дар шумораи №30-юми ҳафтаномаи “Оила”

маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Занҳоро сарфакор, сариштакор мегӯем, вале ҳастанд тоифаи занҳое, ки мардҳои хонаашонро кашола намуда, ба мағозаву бозор мебаранду бо халтаҳои пурбор ба хонаҳояшон бармегарданд. Мардҳои зиёде аз ин чиз шикоят мекунанду аз исрофкории занҳояшон гурезон шудаанд. Шикояти мардонро аз рӯи занҳои исрофкор дар рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Зан пулро бинад, маст мешавад?” мутолиа намоед.

“Доғи сафеду бахти сиёҳ” қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагӣ ва сарнавишти як зан навишта шудааст, ки дар бадани худ се холи сафед дораду маҳз ҳамин холҳояш сабаби мавриди таҳқиру озори шавҳар қарор гирифтанаш мегардад. Беҳноз хориву зориҳои зиёдеро дида, билохира ба зиндагии шоиста мерасад, вале шавҳари пушаймонгаштаашро бахшида наметавонад.

Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешавад, ки инсон аз ҷониби дӯст ё дугонаи наздикаш хиёнат мебинад. Баъд аз мутолиаи қиссаи “Дугонакуш” ба хулосае омадан мумкин аст, ки мо дар зиндагӣ бояд хеле ҳушёру зирак бошему одамони бегонаро ба ҳаёти шахсии худ ворид насозем. Дар қиссаи мазкур дугонаи наздиктарини зан бо “шантаж” шавҳари ӯро соҳиб мегардад.

“Зан синну сол ва рақам надорад!” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки онро як хонандаи ҳафтанома аз рӯзгори худаш навиштааст. Вақте ки мард аз зани якумаш меҳрубониву ҳамдигарфаҳмӣ намебинад ва дар зиндагӣ ноумеду дилшикаста мегардад, дар ҳамин лаҳзаҳои душвор бо зани аз худаш калоне шинос мешаваду чӣ будани хушбахтиро бо ҳамин зан эҳсос мекунад.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Азоби виҷдонро таҳаммул карда наметавонам” бо раққос ва блогери шинохта Шоҳмансур Саидов оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву фаъолияташ мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии блогербонуи шабакаҳои иҷтимоӣ Муаттара Насриддинова маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

“Муҳтоҷи меҳр” чунин унвон дорад, қиссаи навбатӣ, ки таҷассумгари зиндагии нафарони зиёде дар ҷомеаи мост. Баъда аз мутолиаи он ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳар амалеро инсон нисбати волидони пири худ раво мебинад, дар дами пирӣ ҳатман он ба сараш меояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз, то азизи дигарон гардӣ ту низ!”

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Офтоб дӯст ё душмани пӯст” ва “13 маслиҳати муфид дар боби мевагӣ ва кӯдакон” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон таҳти унвони “Бӯсаи зану шавҳар меъёр дорад?”, “Листерин ҳаром аст?”, “Чаро 2 бор азон мегӯянд?”, “Талоқ дар хоб қабул мешавад?”, “Татуаж гуноҳ аст?” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Гурба дар хоб шайтон аст?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Модарам бо туҳмат падарамро дар назари мо бад мекард...”, “Ҳамсоязан маро ба шавҳараш рашк мекунад” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД