Дар шумораи №13-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Чӣ гуна Мавлуда бо ёри Президент ҳунарашро рушд дод?” доир ба тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, мушкилоти рушди сабадбофӣ, таваҷҷуҳ ба он ва ғайраҳо аз фаъолияти кории бонуи соҳибкор Мавлуда Асоева мавод дарҷ гардидааст.
Сарлавҳаи рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Ишқи пирӣ сар занад, охир ба расвоӣ кашад” фикру ақидаи ҷомеаро оиди як мушкилоти хонаводагӣ, яъне ҳангоми пиронсолӣ зани ҷавон гирифтани мард баён менамояд.
“Макри зан” сарнавишти зане аст, ки бо зани дигар муносибати ошиқона доштани шавҳарашро фаҳмида, ба суроғи рақибаш меравад ва маъшуқаи шавҳарашро сахт тарсонида, ба мақсадаш мерасад.
“Бозгашт аз гӯр” зиндагиномаи мардеро тасвир мекунад, ки баъди дар шабнишиние нишастан, бо айби рафиқонаш ба ҳолати мадҳушӣ меафтад ва атрофиён ӯро мурда гумон карда, гӯр мекунанд. Баъди он ки мард дар дохили гӯр бедор шуда, ба худ меояд, бо ангуштонаш қабрро меканаду билохира дубора ба зиндагӣ бармегардад.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Азобҳои муҳоҷирату алами бефарзандии Анварбӣ“ саргузашти талхи як зани тоҷикро, ки муҳтоҷи кумаку дастгирӣ аст, мутолиа намоед.
“Гунаҳкорам” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, саргузашти мардест, ки бо вуҷуди оиладор буданаш бо зане муносибати ошиқона пайдо мекунад. Мард аз муҳаббату дӯстдории зиёд ва рашки зан истифода бурда, ӯро азоб медиҳад. Билохира, вақте занро аз даст медиҳад, пушаймон шуда, мехоҳад дубора ба дунёи дӯстдоштааш баргардад, вале...
Дар “Ошхонаи “Оила” сарояндаи ҷавону хушсадо Фараҳноз Шарафова, ки ба тозагӣ ба саҳнаи ҳунар ворид гардидааст, бо дархости мухлисон ҳунари кадбонугии худро нишон медиҳад. Дар ин шумора Фараҳноз “Кабкбирён” омода менамояд.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии рэпсарои шинохта Сиёвуш Қурбонов, ки бо тахаллуси C.ONE машҳур гаштааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Чеҳра” оиди зиндагии шахсӣ ва пайроҳаи эҷодии ҳунарпешаи театр, телевизион ва синамо Раҷабгул Қосимова таҳти унвони “Хушдомани ман бӯйи биҳишт мекард” мусоҳибаро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “4 сабаби рехтани мӯй” ва “Хӯрданиҳо барои одамони рӯзадор” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намозро барои моҳи апрел дастрас карда метавонед.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи “Ёфтани тилло дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Зани марди зандор шавам?”, “Бо як байт ба Мурод ошиқ шудам”, “Падарандар душмани писарам шуд” дарҷ гардидааст.
Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!