Ситораи дурахшони Шарқ ва примадоннаи узбек Юлдуз Усмонова бо нашри як навори видеоӣ аз бад шудани муносибатҳояшон бо духтари ягонааш Нилуфар Усмонова хабар додааст.
Юлдуз Усмонова дар ин навори видеоӣ, ки дар як телеграм канали ӯзбекӣ пахш гаштааст, аз фарзандашшиква намуда, мегӯяд, ҳарчанд Нилуфар ҷигарбанди вай бошад ҳам, тамоман ҳурмату эҳтироми модарро ба ҷо намеорад ва ба ҷои он ки дасггиру мададгори модар гардад, баръакс мудом бо амалҳои беақлонааш асаби модарро хароб месозад.
“Ман тамоми кори аз дастам меомадаро барои вай кардам, вале ба ҷойи миннатдорӣ духтарам ба ман хиёнат мекунад”-гуфтааст бо алам примадоннаи ӯзбек.
Ёдрас мешавем, ки Юлдуз Усмонова ситораи №1-и Ӯзбекистон буда, натанҳо дар ватанаш, балки дар соири кишварҳои олам маҳбубият ва шӯҳрати гӯшношунид дорад.
Номи Юлдуз Усмонова дар радифи ситораи дурахшони Шарқ аз қабили Гугуш, Саттор, Муин ва Лайло қарор дорад, вале бо ин ҳама шӯҳрату ном ва давлату сарват ин зани машҳур дар ҳаёти оилавӣ хушбахт нест. Юлдуз Усмонова аз шавҳараш бо як духтар ҷудо шуда, умрашро сарфи санъат ва тарбияи духтари ягонааш Нилуфар намудааст, аммо...
Бо шарофат ва дасгирии модари ҳунарманду шӯҳратёраш Нилуфар Усмонова ба ҷодаи санъат роҳ ёфта, чандин албомҳои худропешкаши ошиқони савту наво гардонд.
Имрӯз Нилуфар Усмонова аз зумраи ҳунармандони шинохтаи Ӯзбекистон ба шумор равад ҳам, ба пояи шӯҳрати модараш расида натавонист ва шояд ҳамин чиз боиси рашку ҳасад ва вайрон шудани муносибатҳои модару духтар гашта бошад. Юлдуз Усмонова мегӯяд “духтарам ба ман хиёнат кард”, вале маълум нест, ки хиёнат гуфта, ин ҳунарманди машҳур чиро дар назар дорад.