Arzon march 2024
Ҷанҷоли апаю додар дар хоб чӣ таъбир дорад?
1499


Тез-тез хоб мебинем, ки бо апаам ҷангу ҷанҷол ва занозанӣ мекунем.

Муносибати мо хуб аст, вале чунин хобҳои нохуш хотири маро парешон сохта, хавотир мешавам. Илтимос, таъбири хобҳоямро бигӯед, то дилам ором гирад.

Довуд

Посух

Моҷаро кардан бо одамони наздики худ,махсусан ҷангу ҷанҷол бо бародар ё хоҳар дар ҳақиқат бисёр нохуш буда, ҳатто хоб дидани чунин манзара низ эҳсосоти ногувореро дар дили кас боқӣ мегузорад. Аз ҳамин сабаб вақте хоб мебинед, ки бародар ё хоҳаратон ба саратон даст бардошта, шуморо лату кӯб кардааст, ба сари кас фикрҳои бад ва ташвишовар меоянд, ки мабодо ягон фалокат рӯй надиҳад, вале чунин хоб на ҳамеша нишонаи сар задани нохушию моҷаро ва вайрон шудани муносибати шахси хобдида бо фарзанди падараш мебошад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, моҷарои бародару хоҳар дар хоб баръакс фоли нек буда, аз он далолат мекунад, ки бародар ё хоҳаратон ҳамеша дар пуштатон аст ва дар тамоми ҳолатҳо шуморо муҳофизат мекунад.

Зан хоб бинад, ки бародараш ӯро лату кӯб кардааст, нишонаи он аст, ки аввалини муҳофизи вай дар тамоми мушкилоти зиндагӣ ҳамон бародараш буда, мисли кӯҳ ҳамеша дар канораш устувор хоҳад монд. Мард хоб бинад, ки бо хоҳараш ҷангу ҷанҷол карда истодааст, байни ӯ ва ҳамсараш бо ягон сабаб моҷаро сар мезанад,вале хоҳараш бо панду насиҳат онҳоро дубора ба созиш оварда, оилаашонро аз вайроншавӣ эмин медорад.

Моҷарои хоҳару бародар дар хоб рамзи сар задани мушкилиҳо дар ҳаёти яке аз онҳо низ буда метавонад. Аммо ҳамон бародар ё хоҳаре, ки дар хобаш ӯро мезад, ба имдодаш расида, дар ҳалли мушкили ба сараш омада ёрӣ медиҳад. Моҷарои фарзандони як падару модар нишонаи сар задани баҳсу мунозираҳо дар хонавода (оилаи падару модари онҳо ) низ буда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД