Дар Лас -Вегас байни ду намояндаи маъруфи бокси касбӣ мусобиқа шуд. Дар ин рӯз Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дар ринг бо ҳам разм карданд.
Ин бозӣ ҳамчун гаронарзиштарин ва ҷанҷолбарангезтарин мубориза дар таърихи бокс шуморида мешавад.
Мусобиқа ғайричашмдошт хотима ёфт - дар даври сеюм, Майк як қисми гӯши рақибашро канда партофт.
Мухлисони бокс интизори вохӯрии Тайсон бо Холифилд буданд, боксёрҳо аллакай моҳи ноябри соли 1996 бо ҳам вохӯрда буданд ва Эвандер Холифилд ғолиб эълон шуд. Тайсон унвони Ассотсиатсияи ҷаҳонии боксро аз даст дод. Ҷолиб аст, ки барои ин муҳориба Тайсон 30 миллион доллар дарёфт кард, Холифилд бошад, шаш маротиба камтар маблағ гирифт.
Пас аз чанд моҳ мусобиқа байни Тайсон ва Холифилд дувумбора сурат гирифт. Ба рақибон пули калон ваъда дода буданд. Тайсон барои ворид шудан ба ринг бояд 20 миллион доллар ва Ҳолифилд 15 миллион мегирифт. Барои ин мусобиқа дар як рӯз 16000 чипта дар Лас - Вегас фурӯхта шуд. Зиёда аз ду миллион тамошобинони телевизион ба пахши пулакӣ розӣ шуданд, ки ин ба ширкати ТВ 112 миллион доллар фоида овард. Муҳориба ба 97 кишвари ҷаҳон пахш карда шуд. Коршиносон дар пешгӯиҳои онҳо дар бораи натиҷаи ҷанг қариб якдил буданд - аз 49 коршиноси пурсидашуда 48 нафарашон гуфтанд, ки Майк Тайсон ғалаба хоҳад кард.
Тахмин карда мешуд, ки ҷанг дар даври 4-ум хотима меёбад. Аммо, ҳатто мутахассисони баландихтисос низ метавонанд хато кунанд.
Ҳар ду боксчӣ акнун ҷавон набуданд, Тайсон пас аз ду рӯз пас аз ин мубориза 31-сола шуд, Холифилд аз рақибаш тақрибан чор сол калонтар буд. Бо вуҷуди он ки Тайсон аз Ҳолифилд 8 сантиметр пасттар буд, муштзанҳо вазни якхела-99 кило доштанд.
Даври аввал тақрибан баробар гузашт, вале Тайсон бештар ҳамла кард. Авҷи мубориза дар даври сеюм ба вуқӯъ омад. Тайсон, ки ҳеҷ гоҳ бо рафтори мулоимаш дар ринг фарқ намекард , ин дафъа аз ҳад гузаронд Вай гӯши рости Холифилдро канд. Эвандер аз дард фарёди ҷонкоҳ зад. Хун фаввора зада шорид ва мубориза қатъ шуд.
Духтурон қарори ғайричашмдошт қабул карданд-ҷабрдида метавонад муборизаро идома диҳад.
Ҳамин давр мубориза боз оғоз шуд ва Тайсон рақибашро мағлуб кард. Даври чаҳорум баргузор нашуд, зеро Тайсон девонавор ҳар нафареро, ки дар сари роҳаш пайдо мешуд, мезад.
Тайсонро ба маблағи 3 миллион доллар ҷарима карданд, ғайр аз ин, Комиссияи давлатии варзишии Невада тасмим гирифт, ки литсензияи Тайсонро ҳамчун боксчии касбӣ бозхонд кунад.
Холифилд ёрии таъҷилии тиббӣ гирифт, табибон он қисми гӯши ӯро, ки Тайсон бо дандонҳояш канда гирифта буд, дубора ба ҷояш дӯхтанд.