sebiston july new
АНИТА СОЙ ДАР ДАМИ МАРГ АСТ?
2046

 

Анита Сой, ҳунарпеша ва овозхони руси куриёитабор ба бемории ҳамагири коронавирус гирифтор шудааст. Дар ин бора Анна Кружел, ёрдамчии овозхон ба расонаҳои Русия хабар додааст.

Ба гуфтаи Анна Кружел, овозхон дар яке аз беморхонаҳои шаҳрии шаҳри Маскав табобат мегирад. “Анита дар яке аз бемористонҳои шаҳрии Маскав аз коронавирус табобат мегирад”,-хабар додааст, ёрдамчии овозхон ва афзудааст, ки Анита аз рӯзҳои аввали пайдо шудани бемории коронавирус худро эҳтиёт ва тавсияҳоро риоя мекард. Ҳамин тавр, дар куҷо ва аз кӣ ба коронавирус сироят ёфтани овозхон номаълум боқӣ мондааст. Дар бораи вазъи саломатии Анита ёрдамчиаш изҳороте пахш накардааст.

Анита Сой 7-уми феврали соли 1971 дар шаҳри Маскав ба дунё омада, номи аслиаш Анна Ким Сергеевна ва дорандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Русия (2003) мебошад. Анита дар баробари овозхони хушсадо ва ҳунарпешаи бомаҳорат буданаш, ба ятимону маъюбон зуд-зуд дасти ёрӣ дароз мекунад. Соли 2001 ӯ бо номи “Анита” хазинаи хусусии хайриявии худро кушода, дар давоми як сол ба зиёда аз 35 ҳазор кӯдаки маъюби модарзод кӯмак расонидааст. Солҳои 2009-2010 барномаҳои консертии хайриявӣ ташкил намуда, маблағи ба даст овардаашро ба хонаи кӯдакон хайр кардааст. Ҳамчунин, овозхон соҳиби телевизиони хусусии “Анита Цой TV” ва маркази тиббии шахсии “Амрита” мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД