Дини мубини ислом ба мардон пӯшидани ҷавоҳироти тиллоиро манъ кардааст. Олимону табибон низ ҷонибдори ин ақида буда, иброз менамоянд, ки ангуштарии тиллоии никоҳӣ ба саломатии мард таъсири манфӣ дорад. Ба наздикӣ барои исботи ин гуфтаҳо таҳқиқоте гузаронида шуд.
Гап сари он аст, ки мардҳои зандор даҳсолаҳо ангуштарии никоҳӣ мепӯшанд ва баъзеашон дар умрашон ягон бор онро аз ангушташон берун намекунанд, ҳол он ки тилло хусусияти оксидшавӣ дорад.
Тавре собит гаштааст, оксидҳои тилло ба хун ворид гашта, кори ғадудҳои ҷинсиро вайрон месозанд. Бо ҳамин сабаб дар кори узвҳои таносули мардон халал ворид гашта, мард қувваи мардияшро аз даст медиҳад.
Тадқиқоти дар бонувон гузаронидашуда нишон дод, ки оксиди азот ба саломатии зан комилан таъсир намерасонад.
Олимон ба мардоне, ки мувофиқи анъана бо ангуштарии никоҳӣ зан доштани худро муаррифӣ кардан мехоҳанд, харидани ангуштарии нуқрагинро тавсия медиҳанд.
Албатта ба гапи олимон гӯш андохтан ё наандохтан кори шахсии ҳар як инсон аст, мо танҳо шуморо ҳушдор додем. Аз ёд набаред, ки насли оянда ва саломатии худи мард аз ҳазор ҷавоҳироти тиллоӣ болотар меистад.