Салом! Ман ҷавонзани 28-сола ва модари 3 фарзанд мебошам. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудаем ва шукри худо муносибатамон хуб аст, вале вақтҳои охир тез-тез хоб мебинам, ки бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол шуда, занозанӣ дорем. Сахт метарсам, ки мабодо ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, хонавайрон нашавам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
ГУЛРАФТОР, аз ш. Ҳисор
Посух:
- Ҷангу ҷанҷол намудан бо ҳамсар ҳатто дар хоб бисёр нохушояд буда, дар дили кас эҳсоси яъс ва тарсу ваҳмро ба вуҷуд меорад, вале дар асл чунин хобҳо фоли бад нестанд.
Тавре дар хобномаҳо омадааст, агар зан ё мард хоб бинад, ки бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол дорад ва бо ғазаб ба сари ҳамдигар дод зада истодаанд, муносибаташон гармтар шуда, ҳурмату эҳтиромашон ба ҳамдигар меафзояд.
Зан хоб бинад, ки аз рӯйи зани дигаре бо шавҳараш ҷанг шудааст, бояд ҳисси рашк ва нобовариро аз дили худ берун созад.
Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар зан дар хобаш бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол кунад ва мард аз худ дифоъ карда натавониста, бо рангу рӯйи канда, сарашро дошта истад, дар он хонадон ягон ҳодисаи нохуш ба вуҷуд меояд. Кашмакаш кардани зану шавҳар дар хоб аз бемор шудани ягон азъои оила дарак медиҳад.
Мувофиқи хобномаи исломӣ, кас хоб бинад, ки бо ҷуфташ ҷангу ҷанҷол карда истодааст, маълум мешавад, ки аз назари динӣ ҳамсараш нисбат ба худи вай қавитар аст.