Formula novemver 2024
Ҳангоми таб кардан ба тани тифл спирт молидан мумкин аст ё не?
737


Тағйирёбии мавсим ва гармохунук шудани ҳаво боис мешавад, ки бисёре аз кӯдакон гирифтори зуком гарданд.

Навзодон ин мавсимро хеле сахт мегузаронанд. Бештар баланд шудани таббашон тифлакони навзодро азият медиҳад.

Албатта модарон барои пешгирии зуком якчанд доруҳоро ҳамроҳи худ доранд ва барои ба осонӣ паси сар намудани бемориҳои мавсимӣ кӯшиш менамоянд, аммо пеши роҳи табби баландро гирифтан каме душвор аст.

Таб беморӣ нест, вале...

Баланд шудани табби тифл ба сари худ беморӣ нест, балки нишонаи бемор шудани кӯдак мебошад. Таб кардан реаксияи ҷавобии организм ба ин ё он намуди беморист.

Табби баланд барои кӯдак хатарҳои зиёд дорад, бинобар ин, онро ҳарчи зудтар фаровардан лозим аст, аммо бояд дониста амал намуд, то корҳое, ки шумо анҷом медиҳед, бар зарари кӯдак нагардад.

Ба тани кӯдак спирт молидан мумкин аст ё не?
Якчанд амали маъмуле ҳаст, ки волидон ҳангоми гирифтор шудан ба табби баланд анҷом медиҳанд. Ба монанди молидани спирт ва ё арақ. Аз нигоҳи тиббӣ молидани спирт дар бадан ҳаракати хунро метезонад ва таббро мефарорад, вале спиртро ҳатман бо оби гарми ҷӯшидагӣ ва ширгармшуда омехта кардан лозим аст, зеро спирт ва арақ пӯстро сӯзонданаш мумкин.

Оби ҷӯшидагӣ молед, агар...

Табибон иброз медоранд, ки оби ҷӯшидагии холиро ба бадани кӯдаки таббдошта молидан беҳтар аст. Онро дар ҷойҳои қатшавандаи бадан ба монанди гардан, таги каш, кафи дастону пойҳо, зери зону ва рон низ молидан лозим аст.

Ин амалро то он даме бояд такрор кард, ки таъсири дорӯ расад, яъне аввал ягон доруи таббфарорандаро ба кӯдак дода, то таъсир карданаш ба бадани тифл об ё спирти бо об омехтаро молидан лозим аст.

Кӯдакро ба духтур баред, агар...

Ногуфта намонад, ки табби баланд оқибатҳои хатарнок дорад ва дар сурати такрор ёфтани таб ҳатман ба духтур муроҷиат намудан шарт ва зарур мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД