Sebiston new 2024 october
Ҷанги янгаю қайсингил дар хоб чӣ таъбир дорад?
2173

Дар аксари оилаҳо янгаю қайсингил бо ҳам муносибати хуб надоранд ва тез-тез ҷангу ҷанҷол мешаванд. Хушбахтона дар оилаи мо ин тавр нест. Ману янгаам мисли апаю хоҳар ҳастем ва ҳамдигарро хеле дӯст медорем. Аммо шаби гузашта хоб дидам, ки бо янгаам ҷанг шудаам ва ҳардуямон мӯйканию рӯканӣ дорем. Ростӣ сахт ба ташвиш афтидаам, ки чаро чунин манзараи нохушоянд ба хобам даромад. Таъбири хоби маро гуфта метавонед?
Саодат аз н. Варзоб

Посух
Хоҳари азиз! Ором шавед, хоби дидаи шумо таъбири бад надорад. Ҳарчанд дар зиндагӣ ҷанҷол кардан бо наздикон амали нохуш бошад ҳам, дар хоб ҷанг шудан баръакс хуб аст.

Дар хобномаҳо омадааст, ки зан дар хобаш бо шавҳараш ҷанҷолу даъво кунад, ин аз ишқи бузург дар зиндагии воқеии ин ҷуфт дарак медиҳад ва ҳаёти хушбахтона онҳоро интизор аст.

Хоб бинед, ки бо касе аз хешу таборатон ҷанг шудаед, муносбатҳоятон боз ҳам гармтару самимитар шуда, дар ягон кори муҳим он шахс ба шумо кӯмак мерасонад. Бо душманони худ ҷангу ҷанҷол кардан дар хоб аз барор гирифтани корҳои шахси хобдида дарак медиҳад. Касе, ки чунин хоб мебинад, муввафақиятҳои бузург дар зиндагӣ насибаш хоҳанд гашт.

Коргар хоб бинад, ки бо роҳбари корхонаашон баҳсу мунозира дорад, вазифаи наверо соҳиб гашта, мансабдор ва одами бообрӯ мешавад ё корҳояш барор гирифта, даромади калони пулӣ ба даст меорад ва зиндагии серу пур насибаш мегардад. Хоб бинед, ки бо одами аз дунё гузашта-мурдагӣ ҷангу ҷанҷол доред, умри дарози пурбаракат мебинед.

Хулоса, ташвиш накашед, хоби дидаатон фоли нек буда, янгаатон дар ягон кори муҳим ба шумо кӯмак мерасонад ё хабари хуше аз оилаи бародаратон мешунавед

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД