Маҳсулоти лозима:
350 гр ширқиёми пухта (варёнка), 300 г орд, 150 гр равғани маска, 50 г чормағз, 2 қошуқ қаймоқ (сметана), 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, шоколад.
Тарзи таҳия:
Ордро бехта, ба он равғани мулоимшудаи маска, қаймоқ ва моддаи ковоккунандаро илова кунед. Хамирро зиёд омезиш надиҳед, вагарна қандина сахт мешавад. Хамирро ҷамъ карда, бо салафан печонеду 45 дақиқа дар яхдон нигоҳ доред. Хамири сардшударо дар рӯи лаълии тафдон, ки пешакӣ пергамент тунук шудааст, аз турбтарошаки сӯрохиҳояш васеъ гузаронед ва дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 10-15 дақиқа то сурхча шуданаш пазед. Баъдан онро бо даст майда карда, чормағзро реза кунеду бо ширқиёми пухта ва чормағзи реза аралаш кунед. Аз он қандинаҳои конусшакл сохта, бо шоколад оро диҳед.