Sebiston new 2024 october
Қандинаи “Хорпуштак”
26.06.2022
ОИЛА
964


Дар рӯзҳои истироҳат аксари хонумҳо мехоҳанд аҳли хонадони худро бо ягон ширинии хуштамъ шод гардонанд. Имрӯз мо ба шумо тарзи тайёр кардани қандинаи “Хортупштак”-ро ёд медиҳем, ки хеле бомазза ва иштиҳоовар аст.

Маҳсулоти лозима:

250 г равғани маска, 2 стакон шакар, 5-6 тухм, ванилин, 3 қошуқ қаймоқ (сметана), 2 ст орд, 250 мл саршир (сливки), 200 мл ширқиём.

Тарзи таҳия:

Равғани маскаро бо 2 стакон шакар лат зада, дар зарфи алоҳида 5-6 тухмро бо 3 қошуқ қаймоқ лат занеду ҳардуяшро якҷоя кунед. Ванилин ва ордро илова карда, хамир омода созеду онро дар лаълии тафдон тунук карда, дар ҳарорати 220 дараҷа 15 дақиқа пазед.

Қандинаро гармогарм паҳмияш 6-8 сантиметр бурида, боқимондаи қандинаро ба хока табдил диҳед. Сарширро бо ширқиём лат зада, пораҳои буридаи қандинаро дар он тар кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД