1xbet
Қандинаи фаллагии “Назокат”
05.07.2025
Oila.tj
27

Маҳсулоти лозима:

250 грамм фалла, 250 грамм орд, 100 грамм равғани маска, 100 грамм шакар, 10 грамм моддаи ковоккунанда, каме намак.

Тарзи таҳия:

Фалларо бо чангак лат зада, равғани мулоимшудаи маскаро илова кунеду бо даст омехта созед. Дар зарфи алоҳида орду моддаи ковоккунанда ва намакро омезиш диҳеду ба фаллаи равғандор илова кунед. Хамир бояд ба даст начаспад. Ба рӯйи тахта орд пошида, хамирро ғафсияш 0,5 см тунук кунеду бо истифода аз истакончаҳо даврача буред. Ҳар як даврачаро дар шакар ҷӯлонида, дуқад кунеду бори дигар дар шакар ҷӯлонида, ба рӯйи лаълии тафдон, ки пешакӣ коғази пухтупазӣ тунук шудааст, гузоред. Қандинаро дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 15-20 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД