Маҳсулоти лозима:
250 г фалла, 250 г орд, 100 г равғани маска, 100 г шакар, 10 г моддаи ковоккунанда, каме намак.
Тарзи таҳия:
Фалларо бо чангак лат зада, равғани мулоимшудаи маскаро илова кунеду бо даст омехта созед. Дар зарфи алоҳида орду моддаи ковоккунанда ва намакро омезиш диҳеду ба фаллаи равғандор илова кунед.
Хамир бояд ба даст начаспад. Ба рӯйи тахта орд пошида, хамирро ғафсияш 0,5 см тунук кунеду бо истифода аз стакончаҳо даврача буред.
Ҳар як даврачаро дар шакар ҷӯлонида, дуқад кунеду бори дигар дар шакар ҷӯлонида, ба рӯйи лаълии тафдон, ки пешакӣ коғази пухтупазӣ тунук шудааст, гузоред. Қандинаро дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 15-20 дақиқа пазед.