Саидамир ҳастам, аз шаҳри Ҳисор. Зиндагии мо аз ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ пеш меравад. Бо бародаронам ҳар сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтем, вале имсол сафар карда натавонистем. Баъди қимат шудани нархи молу маҳсулот вазъи молиямон бад шуд. Аз нафарони зиёде қарздор шуда будем. Маҷбур шудам, ки қитъаи замини наздиҳавлигии худро фурӯшам. Азбаски фурӯхтани замин мувофиқи қонун манъ аст, дар замини ҷудокардаам чанд дар хона сохта, баъдан онро фурӯхтаму пулашро истифода бурдам. Рӯзе дар набуданам ду-се нозири минтақавӣ ба хонаи мо омада, аз модарам баёнот гирифтаанд, ки гӯё мо заминро фурӯхта истодаем. Аммо ҳамаи корҳои мо қонунӣ буд ва бояд дар муддати кӯтоҳ аз пайи тахт намудани ҳуҷҷатҳо мешудам. Мутаассифона, ҳанӯз ҳуҷҷатҳоро дуруст накарда, кадом ҳамсояе ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардааст. Аслан ман аз се ҳамсояам шубҳа дорам. Намедонам ман ба онҳо чӣ бадӣ карда бошам, ки нисбати ман чунин амалро раво диданд. Чанд рӯз боз ба худ ҷои нишаст намеёбам. Наход одамон ба андозае бад шуда бошанд, ки дигар ҳатто ба ҳамсоя ҳам бовар карда нашавад. Бо вуҷуди он ки аз қаҳру ғазаб ҷои нишаст намеёбам, ҳаволаи ҳамсояҳои хабаркашамро ба Худо месупорам.