Баракати меҳнат
Оилаи мо дар деҳа сарватманду соҳиби обрӯ ба шумор меравад, падару модарам аз ҳисоби меҳнати ҳалолу боғдорӣ хонаи Худоро зиёрат карда омадааанд.
Баракати зиндагии мо меҳнатдӯстии падари азизам аст, он кас зиёд заҳмат кашидаанду дар хуни мо низ меҳнатдӯстиро ҷо намудаанд. Бародари калониям дар Русия кор мекарду кораш барор дошт ва шаҳрвандии ин кишвари бузургро гирифт. Мо се додар дар бари ӯ рост будем, чор хоҳар доштем, ки ҳар кадоме бо зиндагии худ овора, хонаву дару шавҳарони хуб доштанд. Бародарам зану фарзандонашро бо худ ба Русия бурда буду якеи дигар хонаву дарашро ҷудо карда, акои сеюмам бо падару модарам мезист. Ман ҳам пораи замине гирифтаму барои худ бо ёрии бародаронам хонаву дари дуошёнаи боҳашамате сохтам.
Мехостам аввал хона бунёд карда, баъд зан гирам. Ростӣ духтардорон пинҳону ошкор ба падару модарам мегуфтанд, ки духтари онҳоро келин кунанд. Зеро кадом падару модар намехоҳад домоди пулдор, хонадору мошиндор ва мустақил дошта бошад? Модарам бо шӯхӣ мегуфт, ки ба ҷойи он ки мо хостгорӣ равем, духтардорон хостгорӣ омада истодаанд. Аммо ман мехостам як соли дигар кор карда, хонаҳоямро бо тамоми асбоби рӯзгор муҷаҳҳаз намуда, баъд зан гирам ва ҳамин тавр ҳам шуд…
Ишқ аз нигоҳи аввал
Дар Русия ҳамроҳамон писари аммаам низ кор мекард, як рӯз ӯ бо хоҳараш тариқи Имо гап зад. Дар хонаашон ҷашни зодрӯзи хоҳараш буд ман низ духтари амаамро табрик кардаму он ҷо чашмам ба духтараки ниҳоят зебову барно афтод. Ман қариб ҳама духтарони деҳаро мешинохтам ва баъд аз писари аммаам аз он духтараки зебо пурсидам. Хешам гуфт, ки он духтарак дугонаи хоҳараш аз деҳаи ҳамсоя аст, ки якҷоя дӯзандагиро пеши як чевари машҳур омӯхтаанд. Ростӣ, диламро ҷамоли он духтарак бурд ва шаш моҳи дар Русия буданам дар бораи ӯ маълумот ҷамъ мекардам. Чун ба деҳа баргаштаму масъали зангирӣ баромад, аз падару модарам хоҳиш кардам, ки ба хонаи Аслонхӯҷаи шакарфурӯш ба хостгорӣ раванд. Аҳлу авлоди духтарак низ одамони хуб буданд ва падарам розӣ шуда, хостгоронамонро фиристодем. Бахтам хандиду ману Ҳумо издивоҷ кардем. Занамро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам, ӯ қоматбаланду сап-сафед, ба қавле об хӯрад, аз гӯлӯяш метофт, мӯйҳояш дарозу ҷингила, чашмонаш фаттону абрӯвонаш камон, хулоса олиҳаи ҳусн буд. Хислаташ ҳам хуб буд, тозакор, ҳунарманд, вале ба ман он қадар меҳрубон набуд, бепарвотар буд. Ман, ки ӯро дӯст медоштам, ин амалашро нодида мегирифтам, мо ду моҳ дар хонаи волидонам зиндагӣ карда, ба хонаи худамон кӯч бастем. Дар хонаи худамон занам ба ман камтар меҳрубонтар шуда буд ва ман ба ивази ин меҳрубониҳо аз сараш тилло мерехтам. Чизе, ки мехост, барояш мехаридам, эркааш мекардам, дӯсташ медоштам. Зиндагии занам аз ягон зани шаҳрӣ кам набуд, дар ҳавлиям тамоми шароит муҳайё буду дастархонамон пурнозу неъмат. Ҳарчанд донишгоҳро ғоибона хатм карда бошам ҳам, аз рӯйи ихтисосам ягон рӯз кор накарда будам, як сол бо занам будам ва таксӣ мезадам. Писарчаам ба дунё омаду баъди чор- панҷ моҳа шуданаш боз рахти сафар бастам ба Русия. Ҳамин тавр, соҳиби се кӯдак шудем, ман гоҳе дар Ватан гоҳи дигар дар Маскав будам…
Овоза ё ҳақиқат?
Занам рӯз ба рӯз зебову нозанинтар мегашт, хонаву дар тозаву озода, кӯдаконам, ду писару як духтар ороставу пероста, ҳотаву ҳавлӣ кабудизор, хулоса ҳеҷ камбудие надоштем. Аммо як шаб апаам, ки дар наздикии хонаи мо зиндагӣ мекунад, занг зада гуфт:
-Ҳобилҷон, додари азиз, ман ҳаргиз намехостам ба зиндагии ту дахолат кунам, вале маҷбурам… Занат беҷогард аст, ман як сол боз мебинам, ки ҳамсинфат Носир ӯро мебараду меорад, баъзан мошини ӯро нимашабҳо назди хонаат мебинанд. Мардум аллакай ҳама дар бораи муносибатҳои ин ду нафар гап мезананд, падару модарам ҳам ҷигархунанд, аммо намедонанд чӣ тавр ба ту бигӯянд. Илтимос, як бало карда биё….
Ростӣ, як соат баъди ин гуфтугӯ суханамро гум кардам, намедонистам дар заминам ё дар само, ба гӯшам овози ларзони падарам расид, ки се рӯз боз зориям мекард, ки баргардам ва худашро бемор мегуфт. Худи ҳамон шаб билет гирифтаму рӯзи дигар ба деҳа расидам, занам мисли ҳарвақта маро пешвоз гирифт, дастархон орост ва ҳайрон буд, ки чаро ӯро хабар накарда омадам. Ба чеҳраи ӯ менигаристаму аз чашмонаш осори хиёнат меҷӯстам, охир Носир ҳамсинфам буду хеши дури падарам. Ӯ бо опели кӯҳнаякаш кирокашӣ мекард, ман ба занам мегуфтам, ки чизе даркор шавад, ба Носир гӯй, аз ноҳия биёрад. Ҳеҷ бовар надоштам, ки ӯ ба зани ман бо чашми бад нигарад. Бегоҳ шуду падару модарам омаданд ва занамро наздашон шинонда пурсиданд, ки ин овозаҳо чӣ ҳақиқат доранд. Занам ба Худову авлиё қасам мехӯрд, ки аз мурданаш хабар дораду аз ин корҳо не. Аммо падарам аз телефонаш сурату наворҳоеро ба ӯ нишон дод, ки бо фармони ӯ сабт гардида буданд. Падарам ба як корманди милиса пул медиҳад ва мегӯяд, ки аз қафои зани ман пояд, зеро ба бероҳагардии келинаш бовараш намеомад. Занам баъзе шабҳо кӯдаконамонро ба хонаи апааш, ки дар деҳаи мо зиндагӣ мекунад, бурда монда, худаш ҳамроҳи Носир ба маркази вилоят ба тарабхонаҳо мерафтааст, аз дидани ин даҳшат бемор шудам. Талоқи занамро додам ва ӯро бо се кӯдакаш ба хонаи падараш бурданд…
Ҳамсинфам занамро гирифт
Дар хонае, ки ҳамсарамро ман маликаи он меҳисобидам, танҳову ҳақир менишастам. Мисли занон ҳой-ҳой мегиристам. Бародари занам Носирро, ки як сол пеш аз занаш ҷудо шуда, муҷаррад буд, ба наздаш даъват карда, пешаш шарт гузоштааст, ки хоҳарамро ба занӣ мегирӣ. Носир низ маътали ишора будаасту зани маро ҳамроҳи писари хурдиям ба хонааш овардааст, духтарчаам дар тарбияи зани тағояш мондаасту писари калониямро хусурбачаам оварда, ба ман дод. Ростӣ, ба ҳалолӣ будани кӯдаконам низ шӯбҳа дорам. Ҳамсинфи номарди хонапарам, ки мо як ҷо калон шуда, бо ҳам рафиқ будем, ҳамсари маро ба занӣ гирифта, ба хонааш, ки чанд хона болотар аз хонаи мо аст, овардааст.
Аҳволам хеле бад аст, аз мардум шарм медорам, ба ҷойи он номарду зани хиёнаткорам ман шарм медорам. Шабҳои дароз фикр мекунам, ки ба зани ман чӣ намерасид?! Хонаву дари обод, зиндагии серу пур, фарзандони нозанин, ман ҳам мисли мардони дигар барои беҳдошти ҳаёти онҳо ба муҳоҷират мерафтам. Дар як сол шаш моҳ ин ҷо будаму шаш моҳи дигар дар муҳоҷират, пас чӣ гуноҳе аз ман сар зада. Боз «хушхабар»-е хабар овард, ки занам мегуфтааст, ки дилам барои Ҳобил месӯзад, аммо Носирро аз давраҳои мактабӣ дӯст медоштам, ӯ ишқи аввали ман аст. Хок дар сари ин ишқ, ки се фарзандро дар ба дару маро хона бар дӯш кард! Ё шояд гапи апаам рост аст, ки маро «латта, ки шудӣ, занат шӯ мекунад» гуфт. Модарам пояшро дар як мӯза тиқонда, мегӯяд, ки занат медиҳам, аммо ман дигар ба ҷинси зан бовар надорам! Намедонам кай ба худ меоям…
Ҳобил, Таснифи Ҳилола