Амрико додани раводиди муҳоҷиратиро ба шаҳрвандони 75 кишвар манъ кард
112

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба расмият даровардани раводиди муҳоҷиратиро барои шаҳрвандони 75 кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия ва Эрон манъ кард. Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест.

Тавре хабаргузории Fox News дар такя ба санадҳои Департаменти давлатии ИМА хабар додааст, маҳдудият аз 21-уми январи соли 2026 эътибор пайдо мекунад.

Департаменти давлатии ИМА ин хабарро тасдиқ намуда, тавзеҳ додааст, ки манъи вуруд танҳо ба раводиди муҳоҷиратӣ дахл дорад.

“Департаменти давлатӣ ба сӯйистифода аз низоми муҳоҷирати Амрико аз ҷониби онҳое, ки сарвати мардуми Амрикоро дуздидан мехоҳанд, хотима хоҳад дод”,- омадааст дар хабар.

Ба қавли намояндаи Департаменти давлатии ИМА Томми Пиготт, додани раводиди муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандони 75 кишвар то замоне боздошта мешавад, ки департамент расмиёти муҳоҷиратии кишварро барои ҷилавгирӣ аз вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, ки суғуртаи иҷтимоӣ ва имтиёзҳои давлатӣ мегиранд, бозбинӣ намояд.

Ба кормандони консулгариҳои ИМА дар 75 кишваре, ки номашон дар рӯйхат оврада шудааст, дастур дода шудааст, ки додани раводидро ба довталабоне, ки аз имтиёзҳои давлатӣ вобастаанд, рад намоянд.

Аз замони бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед беш аз 100 ҳазор раводиди шаҳрвандони кишварҳои мухталиф лағв шудааст, ки ин рақам рекордӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД