Ба онҳое, ки дар робита ба ишғоли Кобул аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳи тундрави Толибон Афғонистонро тарк кардан мехоҳанд, бояд имкони рафтан аз кишвар ва гирифтани паноҳгоҳ дода шавад,-Дар ин бора дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар дод.
"Ба афғонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд марзро тарк кунанд, иҷозати вуруд дода шавад; роҳҳо, фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бояд кушода бошанд ва оромӣ нигоҳ дошта шавад. Мардуми афғон шоистаи амният ва осудагӣ ҳастанд. Мо ҷомеаи ҷаҳонӣ омодаем ба онҳо кумак кунем ”, - навишта шудааст дар матни баёнияи муштарак, ки онро беш аз 60 кишвар имзо кардаанд ва дар вебсайти Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст. Илова бар ин, нашрия даъвати ҳамаи ҷонибҳоро барои мусоидат ба бехатар рафтани афғонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон ба миён овардааст.
Ҳоло дар фурудгоҳи Кобул эвакуатсия идома дорад