Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти аудиовизуалии Фаронса баррасӣ шуд
20.01.2026
Oila.tj
36

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Институти миллии аудиовизуалии Фаронса (INA) масъалаи густариши ҳамкориҳоро дар самти ҳифз, рақамисозӣ ва таблиғи бойгониҳои синамоӣ баррасӣ намуданд.

Бино ба иттилои муассисаи мазкур, зимни мулоқоти директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо намояндаи INA Пётр Риженков инчунин масъалаи муаррифии филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораҳо ва бозорҳои байналмилалии кино мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД