35 years of independency
Амитабҳ Баччан аз кӣ пинҳон мешавад?
08.11.2026
СИПЕҲР
73

Амитабҳ Баччан аз кӣ пинҳон мешавад?
 
Рӯзи якшанбе, 1 ноябри соли 2026 садҳо мухлиси Амитабҳ Баччан, чун ҳар ҳафта, назди манзили ӯ — «Ҷалса» дар маҳаллаи Ҷуҳуи Мумбай ҷамъ шуданд. Аммо ин бор дидори ситораи бузурги синамои Ҳинд бо ҳаводоронаш фарқи ҷиддӣ дошт, Баччан аз пушти шишаи махсуси муҳофизатӣ, ки расонаҳои ҳиндӣ онро тирногузар меноманд, ба мардум салом дод. Ин тадбир пас аз афзоиши нигарониҳои амниятӣ гирифта шуд. Чаро Бачан пушти шиша пинҳон мешавад? Кӣ ва ё чӣ ба ҷони ӯ таҳдид мекунад?
 
Тибқи иттилои расонаҳои Ҳинд, 23 октябр ба шаҳрдори Мумбай номаи электронии таҳдидомез фиристода шудааст. Дар он аз эҳтимоли ҳамла ба чанд макон, аз ҷумла манзили Амитабҳ Баччан, ёд мешуд. Дар нома гуфта мешуд, ки «Ҷалса» дар фосилаи 31 октябр то 27 ноябр метавонад ҳадаф қарор гирад. Баъди ин мақомоти амниятӣ назоратро дар атрофи хонаи ҳунарманд тақвият доданд. Рӯзи 1 ноябр низ неруҳои иловагӣ ҳузур доштанд ва писараш Абҳишек Баччан дар наздикии падар истода, вазъро назорат мекард.
Бо вуҷуди таҳдидҳо, Амитабҳ Баччан мулоқоти анъанавии худро бекор накард. Ӯ танҳо шакли амнтари дидорро интихоб намуд. Шишаи муҳофизатӣ аз се ҷониби ҷойгоҳи махсуси ӯ гузошта шуда буд. Ин маъно дошт, ки ҳунарманд мехоҳад ҳам амнияташро ҳифз кунад ва ҳам мардумеро, ки ҳар ҳафта барои дидани ӯ меоянд, ноумед насозад.
Ин мулоқотҳои якшанбегӣ дар Ҳинд бо номи «Sunday Darshan» машҳуранд. Барои сокинони Мумбай ин манзара кайҳо ба як ҷузъи зиндагии фарҳангии шаҳр табдил ёфтааст. Назди дарвозаи «Ҷалса» одамони синну соли гуногун, сайёҳон ва дӯстдорони синамои ҳиндӣ мунтазир мемонанд, то лаҳзаи кӯтоҳи дидорро бо чашми худ бинанд. Ҳар ҳафта садҳо нафар аз гӯшаҳои гуногун назди «Ҷалса» меоянд, то ҳатто барои чанд лаҳза Баччанро бубинанд. Ӯ одатан ба болои ҷойгоҳи махсус мебарояд, даст меафшонад, бо ишораи даст салом медиҳад ва ба муҳаббати мардум посух мегӯяд. Агар бо сабаби кор ё сафари ҳунарӣ имкони баромадан надошта бошад, пешакӣ мухлисонашро огоҳ мекунад.
Решаи ин анъана ба соли 1982 мерасад. Ҳангоми наворбардории филми «Coolie» Баччан дар саҳнаи задухӯрд сахт ҷароҳат бардошт. 24 июли ҳамон сол шикамаш ба канори миз бархӯрд ва осеби вазнин гирифт. Вазъи ӯ то ҳадде хатарнок шуд, ки ҳафтаҳо дар бемористон бистарӣ монд. Дар он рӯзҳо ҳазорон нафар назди бемористон ҷамъ мешуданд ва дар саросари Ҳинд барои сиҳатии ҳунарманди маҳбуб дуо мекарданд.
24 сентябри соли 1982, вақте Баччан баъди табобати тӯлонӣ аз бемористон берун шуд, издиҳоми бузурги мухлисон ӯро истиқбол гирифт. Баъдтар ӯ эътироф кард, ки муҳаббат ва дуои ҳаводоронро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва худро дар назди онҳо масъул медонад. Аз ҳамон давра мулоқоти якшанбегӣ тадриҷан ба анъанаи доимӣ табдил ёфт.
Як ҷузъиёти ҷолиб он аст, ки Баччан бисёр вақт бо пои луч назди мухлисонаш мебарояд. Соли 2023 ӯ сабаби инро чунин шарҳ дод, инсон ба маъбад бо пои луч меравад ва барои ӯ мухлисон «маъбад»-и ӯянд. Ин ҷумла муносибати ҳунармандро ба ҳаводоронаш хеле равшан нишон медиҳад.
Аз ин рӯ, шишаи муҳофизатии 1 ноябр девори миёни Баччан ва мухлисонаш набуд. Баръакс, он рамзи идомаи як анъанаи беш аз чилсола дар шароити нави амниятӣ шуд, анъанае, ки аз рӯзҳои сахти соли 1982 оғоз ёфт ва то имрӯз робитаи нодири як ситораро бо мардум зинда нигоҳ медорад.
 
Сипеҳр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД