Хонандаи синфи 9-и гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан Амирбек Султонов дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ, ки моҳи октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуда, ба даври ниҳоии он роҳхат гирифт. Даври ниҳоии олимпиада дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.
Дар олимпиада намояндагони панҷ кишвари ҷаҳон иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар самти забономӯзӣ санҷиданд. Дар чунин рақобати байналмилалӣ ба даст овардани ҷойи аввал дастоварди назаррас мебошад.
Амирбек Султонов дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, дар муҳити илму маърифат ба камол расидааст. Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Ҳамин таваҷҷуҳ ӯро водор сохт, дар маркази забономӯзии «Ҷаҳонро биомӯз» таҳсил карда, дониши худро такмил диҳад. Амирбек аҳаммияти забономӯзиро хуб дарк намуда, барои расидан ба ҳадафҳои худ пайваста талош мекунад.
"Барои омӯхтани забони хориҷӣ пеш аз ҳама шавқу ҳавас ва сабру таҳаммул зарур аст. Танҳо бо аз худ кардани калимаҳо ё омӯхтани қоидаҳои грамматикӣ забонро пурра аз худ кардан имконнопазир аст. Барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан, донишҳои назариявиро дар амал истифода бурдан, бештар мутолиа кардан, ба маводи аудиоӣ гӯш додан ва малакаи гуфтугӯро такмил додан муҳим мебошад",- мегӯяд қаҳрамони мо.
Дастоварди навбатии Амирбек Султонов дар олимпиадаи байналмилалӣ натиҷаи шавқу рағбат ба омӯзиш ва талошҳои пайваста дар роҳи донишомӯзӣ мебошад. Ба даст овардани ҷойи аввал дар байни иштирокдорони кишварҳои гуногун барои ин хонандаи ҷавон на танҳо боиси ифтихор, балки ангезаи тоза барои такмили дониш ва расидан ба ҳадафҳои минбаъда низ ҳаст.
Акнун Амирбекро марҳалаи нави рақобат интизор аст. Ӯ бо ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии олимпиада, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, имконият пайдо кардааст, ки донишу маҳорати худро боз ҳам дар сатҳи баландтар санҷида, таҷрибаи байналмилалии худро ғанӣ гардонад. Иштирок дар чунин чорабиниҳо барои ҷавонон мактаби хуби омӯзиш, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо имкониятҳои нав мебошад.
Дар роҳи ташаккул ва рушди қобилиятҳои Амирбек саҳми омӯзгорон низ назаррас аст. Ӯ дар гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан таҳсил намуда, аз дастгирӣ ва роҳнамоии омӯзгоронаш баҳра мегирад. Аз ҷумла, омӯзгори забони англисӣ Шоҳрух Сангинов дар такмили донишҳои забонии ӯ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, дастгирии роҳбарияти муассисаи таълимӣ барои фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш аҳаммияти калон дорад.
Амирбек Султонов ба омӯзгори забони англисӣ Шоҳрух Сангинов ва директори гимназия Мадина Ашӯрова барои дастгирии пайваста, таваҷҷуҳ ва роҳнамоӣ изҳори миннатдорӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ҳавасмандӣ ва маслиҳатҳои омӯзгорон дар роҳи донишомӯзӣ ва омодагӣ ба озмунҳо кумак мерасонанд.
Ин дастоварди хонандаи гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан мояи ифтихор буда, баёнгари он аст, ки ҷавонони соҳибистеъдод бо дастгирии омӯзгорон ва заҳмати пайваста метавонанд дар чорабиниҳои байналмилалӣ низ муваффақ шаванд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ