Амир-кӯдаки маъюбе, ки Қуръон мехонад ва орзуи футболбозӣ дорад
Аксари кӯдакон орзуи соҳиби мошинча, лӯхтак ё дучарха шуданро доранд, баъзеашон бошанд, мехоҳанд сароянда, духтур, кайҳоннавард, олим ва ё футболбози машҳур шаванд, аммо ҳастанд кӯдаконе, ки орзуяшон аз ин ҳам содатар аст: мисли дигарон ҳаракат кардан, давидан, бозӣ кардан ва зиндагии одии кӯдакона ба сар бурдан…
Дар миёни наворҳое, ки аз Ғазза паҳн мешаванд, симои писарчае бо номи Амир диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад, ки дар байни харобаҳои биноҳои вайрона нишаста, Қуръон мехонад. Дар чеҳраи кӯдаконааш оромӣ ва табассуми самимӣ ба назар мерасад, аммо пушти ин табассум саргузашти талхи кӯдаке нуҳуфтааст, ки аз рӯзҳои аввали зиндагӣ бо мушкилоти ҷиддии ҷисмонӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Амир бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё омада, чор узви ҳаракат, яъне дасту пой надорад. Модараш зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки шояд ин таъсири газҳои заҳролуде бошад, ки ҳангоми ҳомиладорӣ нафас кашидааст.
Тақдири талх Амирро танҳо бо ранҷу азоби маъюбӣ имтиҳон накардааст, писарак ҳамроҳи хонаводааш рӯзҳои душвори ҷангу хунрезиро низ паси сар намуда, аз имтиҳонҳои сангин гузаштааст. Бино бар гузориши рӯзномаи арабии «Ал-Арабӣ Ал-Ҷадид» соли 2025 манзили падару модараш бар асари ҷанг хароб шуда, Амири хурдакак дар зери деворҳои фурӯрафтаи хона мондааст, вале ин кӯдаки маъсум ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондааст.
Орзуҳои ширини кӯдаки маъюб
Ҷолиб он аст, ки бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо, орзуҳои Амир орзуҳои одии як кӯдаканд. Ӯ мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш ҳаракат кунад, бозӣ кунад, расм кашад ва узвҳои сунъӣ дошта бошад.
Дар гузоришҳои марбут ба зиндагии ӯ ҳамчунин аз шавқу рағбаташ ба футбол ёд мешавад. Амир мехоҳад бо дӯстонаш футбол бозӣ кунад. Орзуе, ки барои бисёре аз кӯдакон як бозии маъмулист, барои ӯ маънои бузургтар дорад: имкони иштирок дар зиндагии одии кӯдакона.
Табассуми Амир - паёме ба ҷаҳон
Саргузашти Амир моро водор месозад, ки ба маънои аслии кӯдакӣ аз нав назар кунем. Кӯдакӣ бояд давраи бозӣ, омӯзиш, меҳру муҳаббат ва орзуҳои рангин бошад, на зиндагӣ дар миёни харобаҳо ва нигаронӣ аз фардо.
Амир танҳо як номи алоҳида дар миёни гузоришҳои расонаӣ нест. Ӯ рамзи кӯдаконе мебошад, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд ҳанӯз орзу мекунанд, механданд ва ба оянда умед мебанданд.
Шояд мо натавонем тамоми мушкилоти зиндагиашро ҳал кунем, аммо метавонем бо инъикоси сарнавишти Амир садои кӯдакони бегуноҳро ба гӯши ҷаҳон расонем ва фаромӯш накунем, ки ҳар як кӯдак ҳаққи зиндагӣ, амният, таҳсил, бозӣ ва ояндаи осоиштаро дорад, зеро Амир низ мехоҳад мисли дигар кӯдакон танҳо кӯдак бошад...
Нӯшин Искандарзода