1xbet
Аминҷон Сафарзода: Ҳаётамро бе варзиш тасаввур намекунам
39

Аминҷон Сафарзода аз варзишгарони муваффақи кишвар аст. Ӯ солҳост, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ дар риштаи варзиши бадансозӣ (бодибилдинг) ва пауэрлифтинг муаррифӣ мекунад. Аминҷон чор карат қаҳрамони Тоҷикистон аз рӯйи варзиши пауэрлифтинг ва қаҳрамони Осиёи Миена аз навъи варзиши бадансозӣ мебошад. Вай ҳамзамон дорандаи шаҳодатномаи "Устоди байналмиллалии варзиш" аст.

Завқе, ки ба касб табдил ёфт

Аминҷон Сафарзода 25 сол дорад. Ӯ зодаи деҳаи Саричашмаи   шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Мавсуф солҳост, ки бо варзиши сабук, гуштини миллӣ ва бадансозиву пауэрлифтинг тамрин мекунад. Дар аввал қаҳрамони мо ҳам танҳо барои солимиву зебоӣ машқ мекард, вале бо мурури замон аз варзишгарони муваффақи кишвар шуд.

"Аз давраи наврасӣ бисёриҳо ба варзиш машғул мешаванд. Ҳарчанд онҳо дар оянда варзишгар нашаванд дар намудҳои гуногуни варзиш тамрин мекунанд.  Ман ҳам дар аввал бо завқу шавқи кӯдакона ба варзиш рӯй овардам. Вале, ин завқ рафта-рафта ба як шуғли дӯстошта табдил ёфт. Аз хурдӣ бисёртар машқ карда, аз ҳамон вақт дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекардам. Мана, имрӯз 13 сол мешавад, ки варзишгар ҳастам, ва ҳаётамро бе варзиш тасаввур намекунам"?- мегӯяд варзишгари ҷавон.

Назар ба гуфти қаҳрамони мо модараш ӯро пайваста дастгирӣ мекард ва барои иштирок дар мусобиқаҳо имкон фароҳам меовард.

"Модарам доимо мегуфтанд, ки "писарам ту дар дӯш масъулияти бузург дорӣ ҳар як заҳмати ту барои муаррифӣ кардани ватани азизамон ва ба ҷаҳон нишон додани қуввату қудрати тоҷикписар аст." Суханони модар ба ман нерӯ мебахшанд. Барои ҳамин ҳар вақте, ки ба мусобиқаҳо меравам кӯшиш мекунам ғолиб шуда, парчами давлати азизамонро баланд бардорам," - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Муаррифгари зебоиву неру

Солҳои охир дар Тоҷикистон навъи варзиши бадансозиву пауэрлифтинг маҳбубият пайдо кардааст. Ҳанӯз соли 2009 дар кишвар Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Аз ҳамон вақт варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, беҳтарин натиҷаҳоро ба даст овардаанд. Бадансозиву пауэрлифтинг асосан қувваю нерӯи варзишгарро нишон медиҳад.

"Дар мусобиқаи бодибилдинг зебоии баданро намоиш медиҳанд. Варзишгар бо истифода аз ҳаракатҳои махсуси варзишӣ тавре бояд амал намояд, ки ҳар як мушаки бадан моҳирона намоиш дода шавад.  Пауэрлифтинг бошад қувваи то чӣ қадар бардошта тавонистани вазнро нишон медиҳад. Воқеан ҳар ду навъи варзиш ниҳоят мушкил буда, аз варзишгар тамрини пайвастаро талаб мекунад",- мегӯяд Аминҷон.

Қаҳрамони мо мегӯяд дар варзиш аз ҳама муҳим меъёр аст. Варзишгар агар меъёри хӯрдану ошомидан ва тамринро риоя намояд, метавонад дар худ бадани зебою нерӯи зиёдро инкишоф диҳад.

Блоги варзишӣ

Аминҷон Сафарзода чанд сол аст, ки барои тарғиби ҳаёти солим дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Instagram, Facebook, TikTok ва YouTube блоки худро фаол кардааст. Ӯ дар саҳифаҳояш наворҳои рафти тамрин, суханони рӯҳбаландкунанда ва ғайраро ҷой медиҳад.

"Ман блогамро бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, тамрини бадан ва барои шавқу завқи ҷавононро нисбат ба варзиш бедор кардан фаъол кардаам. Мехоҳам ҷавонони мо ҳар чӣ бештар ба варзиш рӯй оранд, ҳаёти солимро пеша намоянд ва аз бекориву кучагардӣ дур бошанд” – мегӯянд қаҳрамони мо.

Ҳамсуҳбати мо ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 70 то 115 ҳазор обуначӣ дорад.

Чор карат қаҳрамони Тоҷикистон

Аминҷон Сафарзода, ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ба дастовардҳои зиёди варзишӣ ноил гаштааст. Ӯ чор карат қаҳрамони Тоҷикистон, қаҳрамони Осиёи Марказӣ ва ғолиби даҳҳо мусобиқаҳои варзишӣ мебошад. Қаҳрамони мо ҳамзамон, дорандаи шаҳодатномаи "Устоди байналмиллалии варзиш" буда, дар муассисаи давлатии "Қасри  теннис ва варзишии обӣ"  фаъолият мебарад.

"Тӯли 5 сол аст, ки дар маҷмааи  "Қасри  теннис ва варзиши обӣ" фаъолият дорам. Он ҷо бо наврасону ҷавонон аз рӯйи навъҳои гуногуни варзиш тамрин мекунем. Ҳоло чандин шогирдонам дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд," - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аминҷон мегӯяд, дар оянда мехоҳад худ ва шогирдонаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида сазори ҷойҳои намоён гарданд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. 

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД