arzon replenishment
Ҳамидиён: Пули иҷораи сокинонро ҳукумати шаҳр медиҳад
496

Аз садамаи пурқурбонии дар шаҳри Кӯлоб рухдода зиёда аз як моҳ гузашт. Дар натиҷаи ин садама 4 манзили истиқоматӣ вайрон шуда, 4 кас аз як хонавода ва дар маҷмӯъ 12 кас ҷони худро аз даст доданд.

Кормандони сомонаи Оila.tj баъд аз як рӯзи ин ҳодиса ба ҷойи воқеа рафта, бо соҳибони манзилҳои харобшуда аз наздик сӯҳбат доштанд. Дар навори пахшкарда хонаҳои истиқоматӣ нишон дода шуда буд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанду барои дигар истиқоматкунандагон хатарзо буданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ваъда дод буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ба зарардидагони ҳодиса хонаҳои нав месозанд.

Ҷумъахон Ёров, ки дар ин ҳодиса 3 пайвандаш, ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғашро аз даст дода буд, имрӯз зимни суҳбат бо сомонаи Оila.tj гуфт, аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кӯлоб манзилҳои истиқоматиашон сохта шуда истодааст.

“Ба мо гуфтанд, ки бояд то оғози сардиҳо хонаҳоямон супорида шавад, вале аниқашро намедонам, ки кай аст. Айни ҳол мо дар хонаҳои баландошёна ба таври иҷора зиндагӣ дорем”, - гуфт Ёров.

Дар ҳамин ҳол, Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, ба Оila.tj иброз дошт, ки тибқи нақша то охири моҳи октябр бояд хонаҳо ба соҳибонашон супорида шаванд.

“Сохтмони ду хонааш аллакай ба охир расидааст ва бо навбат дар хонаҳои боқимонда сохтмон рафта истодааст. Зарардидагон қисмашон дар хонаҳои хешу табор ва қисми дигарашон дар иҷора зиндагӣ доранд ва маблағи иҷораи онҳо аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кӯлоб пардохт карда мешавад”, - гуфт муовини шаҳрдор.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар садамаҳои нақлиётӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо нафари дигар захм мебардоранд. Садамаи мошини “Дулан” дар шаҳри Кӯлоб имсол аз ҷумлаи пурқурбонитарин буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД