Чор оилаи зарардидаи садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб соҳиби хонаҳои нав мешаванд,-хабар дод дафтари матбуоти вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят, Давлаталӣ Саид аз шаҳри Кӯлоб боздид намуда, дар оғози сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ тахриб шуданд, иштирок намуд.
“Хонаҳои мазкур аз тарафи ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ бунёд мегарданд. Раиси вилоят хостори он шудааст, ки маҳсулоти босифат истифода шуда, корҳо бояд вусъат ёбанд, чун тирамоҳ наздик омадааст”,-гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шоми 6-август, соати 19:30дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан” дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб, бинобар сабаби аз кор баромадани тормозаш ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди манзили зисти шаҳрвандон гашт, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бар асари ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд. Бояд гуфт, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.