arzon replenishment
Ғами фарзанди нобино модарро кушту...
1822


Олим ном дорам. Соли 1997 дар яке аз даҳаҳои дурдасти Панҷакенти бостонӣ ба дунё омадаам. Чашм ба олами ҳастӣ кушодаам намегӯям, зеро ман аз рӯзи ба дунё омадаам то кунун боре ҳам дунёи равшанро надидаам.

Мани сарсахтаз модар нобино ва бар замми ин, бо як пойи ланг ба дунё омада, тавлидам ба ҷойи шодиву фараҳ ба волидонам танҳо ғаму дард ва сарсониву саргардониҳои беохирро “тӯҳфа” намудааст.

Модарам пеш аз ман се фарзанди дигар ба дунё оварда, бачаҳояш ҳама сиҳату саломат буданд ва дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки ин дафъа кӯдаки кӯр зоида, зери таънаву маломати мардум мемонад, вале тақдири талхро тадбир нест.

Аз вақте ки худро ёд дорам, кам андар кам номамро мегирифтанд, зеро барои тамоми ҳаққу ҳамсояҳо ман танҳо “Кӯри Олим” будам. Ҳар гоҳ, ки ин ё он шинос ё ҳамсоя кӯр гуфта садоям кунад, ин гап мисли тир аз устухонам мегузашт ва ҷигарам пора-пора мешуд, аммо дар ҷавоб чизе гуфта наметавонистам, зеро Худованд маро аз дидаи бино маҳрум гардонида, айбамр бо ҳеҷ роҳ рӯйпӯш карда намешуд.

Ростӣ, падарамро дар ёд надорам, зеро ҳанӯз дар дусолагиам шояд аз дарду ғам бе дарди бедавое печида, ин дунёи фониро падруд гуфтааст. Модари бечораам як умр дар ғами нуқсонҳои модарзодии ман мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта, барои чашми биною пойи равон надоштанам ғам мехӯрд ва ба ҷону ҳоли бародаронам намонда, онҳоро маҷбур мекард, ки мар ба назди табибони номдор баранд. Бародаронам бо истдагариҳои модари зорам маро ба чандин беморхонаҳо бурда, таббат карданд, аммо касе қодир набуд ба чашмони оҷизи ман нӯр бубахшад. “Модарзд нобино аст, ягон илоҷи табобат крадан надорад”-ҳамин буд ҷавоби тамоми табибон.

Модари хунҷигарам билохира аз ғами мани сарсахт ин дунёро падруд гуфт ва мани нобино мондаму дунёи бемеҳру бевафо.
Бародаронам дар бадали слиёни зиёд аз парастории мани оҷиз ба ҷон расида буданд ва баъди сари модарам маро хонаи маъюбон бурданд. Азбаски то н вақт боре ҳам аз манзили модар берун нарафта будам, рӯзҳои аввал дар хонаи маъюбон сахт азият кашида, худро танҳои танҳо эҳсос мекардам, вале баъд ба тақдир тан дода, одат кардам. Имрӯз ман дар бемористонам.

Як тоҷири меҳрубон ҷарроҳии чашмони маро ба гардан гирифта, маро ба яке аз беҳтарин клинникаҳои чашм овардааст. Дуо кунед, ки ҷарроҳиам хуб гузашта, мани нобино ҳам мисли шумо дунёи равшанро бубинам!

Олими оҷиз
Таҳияи Азизҷон СУБҲОНОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД