Хабар ёфтам, ки рафиқи давраи бачагиву мактабиям бемор шудааст, зуд ба дидорбинияш шитофтам. Синну соли Мурод ба 78 расида бошад ҳам, бардаму бақувват буд, аммо ин дафъа ӯро ким-чӣ хел маъюсу афтода дидам.
Келину набераҳояш маро хуш истиқбол гирифта, дастархон кушоданд. Ману Мурод давраҳои кӯдакиамонро ба ёд оварда, хеле чақ-чақ кардем. Гап сари ҷавонҳои ҳозира рафт ва ман, ки омӯзгор ҳастам, афсӯс хӯрдам, ки баъзеи ҷавонҳо ба қадри падару модар намерасанд.
Бо шунидани ин суханон дар чашмони Мурод донаҳои ашк ҳалқа заданд ва оҳи сард кашида, гуфт:
- Чор сол мешавад, ки як фарзанди ман ҳам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, на пул мефиристад, на телефон мекунад, на аз худ хабар медиҳад. Зану бачаҳояш сарсону саргардон, онҳоро дида, ҷигарам хун мешавад. Вай дигар ҳарфе зада натавонист, зеро дардаш аз нав хурӯҷ кард.
Пай бурдам, ки ғами дурии писараш дӯсти маро аз пой афтонидааст. Афсӯс аз он мехӯрам, ки вақтҳои охир писарон нисбати падару модар беэътино шуда, аз ҳоли онҳо хабар намегиранд, ба дардашон малҳам намешаванд. Чунин муносибат оқибати нек надорад...
РАҲИМ