arzon replenishment
Амакбачаи разил Қисми 2
19.09.2022
ҲИЛОЛА
2027

                               Бедил

Сабо писари амакашро рӯйи дидан надошт, аммо Самандар ин ҳолати занашро нодида гирифта, бо шаттаю шаллоқ бо вай ҳамхобагӣ мекард. Бо ҳамин авҳол Сабо ҳомиладор шуд, дар хонаи амакаш хизматгор буд ва ӯ дасташро ба оби хунук намезад. Янгаи маккорааш ба хотири боигарии падараш ӯро келин карда, пишакашро пишт намегуфт. Сабо бо гузаштани муҳлати ҳомиладорияш дугоник таваллуд кард, як писару як духтар. Ӯ то семоҳа шудани кӯдаконаш дар хонаи падар буд, баъд модараш ӯро бо гавҳораву тӯшаву тақал ба хонаи хусураш овард. Акнун машѓулияти дӯстдоштаи Сабо фарзандакони ширинаш Синову Сано буданд. Самандар дигар ба Сабои жулидамӯйи ҳамеша ба кӯдакон овора майле надошту духтарбозӣ мекард. Ба шарофати падари Сабо соҳиби кори хубе шуда буду танҳо ҳамин намегузошт зани ҳамеша қавоқиву даѓалашро ҷавоб диҳад ва оҳиста-оҳиста аз вай дур мешуд. Як нимашаб Сабо шоҳиди гуфтугӯйи хушдоманшу шавҳараш шуд. Самандар ба модараш гуфт, ки ман зани дигар мегирам, безорам аз ин кундаи беҷон. Модараш ӯро ба сабру тоқат хонду гуфт, ки амакат хафа мешавад, келинам айбе надорад. Самандар асабиёна гуфт, ҳамин шумо маро маҷбур кардед, ки зӯран бо вай ҳамхоба шаваму ӯ маҷбур занам шавад, вагарна ман аз ин безор будам. Оқибати ин ҳам мисли модараш, чӣ мешавад охир, як гунг мисли ӯ…

Сабо талхакаф шуд, акнун фаҳмид, ки нақшаи разилонаи таҷовузи ӯро янгааш кашида будааст, ҳамин қадар додани падарам кам будаасту инҳо боз ба воситаи ман хуни вайро макиданӣ будаанд. Сабо рӯзи дигар назди падараш рафта, ҳуҷари ӯро тагу рӯ карда, диктофони бародараш Искандарро ёфта хапу дам хонааш омад. Искандар як одат дошт, ки овози мурѓону кӯдаконро сабт карда, баъд завқ карда гӯш мекард. Шаби дигар Сабо бо ҳамсараш ба баҳонаи дер омаданш ҷанг кард ва Самандар бо мазоҳ гуфт:

-Ҳа сухта гирифт мӣ? Ана ҳамин хел ман зан мегирам, агар модарам маро маҷбур намекард, ки бо ту пештар ҳамхоба шавам, ман аз афтат безор будам. Аслаш ту ба кӣ даркорӣ, лӯхтаки беҳис,- Сабо бо овози баланд гуфт:-Мур ту ҳамроҳи модарат нақша кашида, маро таҷовуз кардӣ, намаки падарам кӯрат кунад. Э дар дар даҳани падарат… ба унвони падараш ҳақорати қабеҳе фиристод Самандар ва занашро зери мушту лагат гирифт.

                                 Талоқи маҷбурӣ

Рӯзи дигар Сабо кӯдаконашро гирифта, хонаи падараш рафт ва сабти ҷанҷоли шабонаашонро пеши падараш монд. Ранги падараш пахтасон канд ва ҳабби ормокунанда хӯрда, қариб се соат гап назад. Модараш мегиристу чизе намегуфт…

Субҳи барвақт падараш Саборо пешаш хонда гуфт:-

Ман ин сабтро нашунидам ва чизеро намедонам, маро бо додарам душман накун, вале Сабо пояшро дар як мӯза тиқонда, дигар ба хонаи шавҳар барнагашт. Ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби шабонаи ноҳия супорида, соҳиби номаи камоли синфи даҳ шуд ва баъд ба Донишгоҳи аграрӣ ба факултаи иқтисодӣ шуъбаи ѓоибона ҳуҷҷат супорид. Акнун дар як идора ба ҳайси муҳосиб кор мекард, бародараш дар Русия бо русдухтаре хонадор шуда, ҳамон ҷо монд ва гоҳ-гоҳе ба хабаргирии волидонаш меомад. Амаку падараш ба ҳам ногап шуданд, падараш фақат дар ҷанозаи бибиву бобояш ба хонаи ӯ рафт. Баъди сари бибию бобояш падараш низ аз олам гузашт, Самандар кайҳо зани дигар гирифта, фарзанддор шуда буд. Занаш ӯро бо Сабо он қадар рашк мекард, ки ҳатто намегузошт, ба дидани фарзандонаш биёяд. Баъди сари падараш Искандар хонаву дари падариро фурӯхта, болояш пул монда барои хоҳару модараш дар пойтахт ҳавлии зебоеро харидорӣ кард ва онҳоро ба пойтахт кӯчонд. Бародараш дар як заводи тайёрасозӣ кор мекарду доимо аз авҳоли онҳо хабардор буда, пул мефиристод. Аммо Сабо низ шабу рӯз кор мекард, зеро мехост барои фарзандонаш ҳамаи шароитҳо муҳайё бошанд. Солҳо мегузаштанд, Сабо ба вазифаи баландтар гузашта, сари чанбараки мошини қимматбаҳо аз чизе шикоят надошт. Харидорони ин бонуи зебои хушахлоқ аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо ӯ дар симои мардон Самандарро медиду ба касе муносибат надошт. Писараш баъди хатми мактаб назди таѓояш рафта, ба донишгоҳ дохил шуд ва донишгоҳро хатм карда, ҳамон ҷо монд. Духтараш низ донишгоҳро хатм карда, ба як ҳамсабақаш расид ва ҳамроҳи ӯ зиндагӣ дар Конодоро ихтиёр намуд. Искандар модарашро ба Русия бурд ва хоҳарашро низ бурданӣ буд, аммо Сабо рад кард. Ва дар зиндагии ӯ гардиши аҷибе рух намуд.

                                  Ишқи деромада

Сабо ҳавлияшро ба як ташкилоти хориҷӣ иҷора дода, ба хонаи сеҳуҷрагии муҷаҳҳаз, ки дар маркази шаҳр харида буд, кӯчид. Акнун аз хона то ҷойи кор ҳамагӣ як истгоҳ буд ва зан онро пиёда тай мекард, “каму ѓам не, ба чилу ҳафт рафтам ва пиёда гаштан нафъ дорад” мегуфт худ ба худ. Як шом ҷавонмарди тануманде то хона бо ӯ ҳамроҳ омаду онҳо шинос шуданд, Аминҷон ба як нигоҳ бо ин паричеҳра ошиқ шуд. Онҳо ҳамсол будаанд, ҳамсари ҷавонмард бар асари бемории дил оламро падруд гуфтаву писари ягонааш дар Амрико таҳсил мекардааст. Сабо низ лаззати ин эҳсоси ширинро бори аввал дар ҷонаш эҳсос кард, вале ба таклифи издивоҷи Аминҷон ҷавоби рад дод.

Гумону шубҳаҳо дилашро сиёҳ мекунанд, ки чаро як ҷавонмарди зебо маҳз ӯро интихоб намудааст, ҳол он ки як шаҳр пур аз духтарони зебо. Агар гӯяд, ки Аминҷон барои хонаву дараш ӯро интихоб кардааст, хато мекунад, зеро ӯ тоҷири муваффақ асту пулу моли зиёде дорад. Як моҳ мешавад, ки ҳар субҳ ҷавонмард барояш сабад-сабад садбаргҳои сафед мефиристад. Агар дар Душанбе бошад, аз кор то хона ҳамроҳияш мекунад…

Сабо низ ба ҷон ошиқи ин қоматбаланди хушабрӯ аст, вале дардҳои дар ҷавонӣ дидааш дилашро аз мардони рӯйи дунё хунук кардааст. Дуо мекунем, ки ин афсона ба ширинӣ анҷом ёбад ва поёни шоми бахти ин бонуи зебо субҳи мусаффо бошад…

                                                                                    Ҳилола

      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД