Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд
27.10.2025
Oila.tj
79

Тибқи маълумоти оморӣ, ноҳияияи Спитамен дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аз рӯи ҷамъоварии ҳосил ва иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев ва Сарбанд нақшаи пахтасупорӣ аллакай барзиёд иҷро гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен дар хоҷагии деҳқонии “Маърифат”-и деҳоти Сарбанд бо раванди ҷамъоварии пахта шинос шудааст. Ба иттилои масъулин, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил сокинони касбу кори гуногун, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони маҳал фаъолона иштирок доранд. Ҳамин сарҷамъиву муттаҳидӣ боис гардидааст, ки то имрӯз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ноҳия ба 94 фоиз расонида шавад.

- Раиси вилоят дар ҷараёни боздид чинакчиёни пешқадамро қадрдонӣ намуда, барои саҳмгузориашон дар ҷамъоварии беталафи ҳосил изҳори сипос кард. Ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳо ва намояндагони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои ҷамъоварии пурраи ҳосил тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд,- иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД