Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди корҳои барқарорсозӣ дар зиёратгоҳи Хоҷа Рӯшноӣ шинос шуда, зарурати ҳифзу эҳёи мероси таърихӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон ва муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихиро таъкид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зикр гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо олимону бостоншиносон дигар ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои вилоят низ марҳила ба марҳила барқарор ва навсозӣ мешаванд.
Дар идомаи боздид роҳбари вилоят ҷараёни корҳои сохтмонии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст. Иттилоъ дода шудааст, ки боғ дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Раиси вилоят дастур додааст, ки ҳангоми бунёди иншоот тамоми инфрасохтори зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон пешбинӣ карда шавад.
Ҳамчунин Раҷаб Аҳмадзода аз рафти корҳои ободонӣ дар боғи «Ғалаба» ва сохтмони бинои нави Академияи футбол дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайян ба истифода супоридани иншоот ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.