arzon replenishment
ҲАМАДОНӢ КАМОЛОВ ЧӢ ТАВР БА ТИМИ ”РАЙО МАХАДАОНДА” ҲАМРОҲ ШУД?
1670

Ҳамадонӣ Камолов, нимҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон минбаъд корномаи варзишияшро дар Испания идома медиҳад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳи "Истиқлол", Камолови 19-сола ба тими "Райо Махадаонда"-и Испания гузашт.
Худи Ҳамадонӣ Камолов ҳангоми имзои шартнома акси хотиравиро дар саҳифаи инстаграммаш нашр намудааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамадонӣ Камолов муддати як сол дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ карда, ҳамчун агенти озод ба дастаи футболи Испания гузашт.
Гуфта мешавад, ки дастаи нави Камолов дар мусобиқаи Лигаи 2-юми Испания бозӣ мекунад.

"Райо Махадаонда" - дастаи футболи Испания аз шаҳри Махадаонда мебошад, ки ба ноҳияи Ареа-Метрополитан ба ҳайати ҷамъияти мухтори Мадрид дохил шуда, дар мусобиқаи Сегунде Б ҳунарнамоӣ мекунад.
Бозиҳои хонагии ин тим бошад, дар варзишгоҳи "Серро дел Эспино" баргузор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД