arzon replenishment
ҲАМ ТАҶОВУЗ КАРДУ ҲАМ ПОРА ДОД!
7105

Як марди 28 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ки пеш бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, санаи 27 июли соли 2020 дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза”, воқеъ дар шаҳри Норак бо ноболиғдухтари 17 - солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намудааст.

Баъдан ӯ рӯзи 18 сентябри соли 2020 бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад, ки ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шахсияти мард ба идора маълум нест ва ВКД ҳам нисбаташ чизе нагуфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД