Ҳодисаи дуздӣ аз ҷониби ҷавонон дар кишвари мо мавзӯи нав нест, зеро қариб ҳар рӯз ҳам мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳам расонаҳо аз гум шудани ашёҳову дуздии ҷавонону ноболиғон хабар медиҳанд.
Ин дафъа низ Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳодисаи дуздии телефонҳои мобилӣ иттилоъ додааст.
Ба иттлои ин ниҳод, марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат рӯзи 18-уми ноябр, тахминан соати 19:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯча қарор доштан аз ҷониби шахси номаълум бе ягон асос лату кӯб шуд.
Баъди ин, ҳамлагар аз дасти мард 2 адад телефони мобилии тамғаи «Редми-10»-ро зӯран гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Мард ба хотири пайдо кардани ҷинояткор ба ШКД дар шаҳри Ваҳдат ариза навиштааст. Тафтишот муайн кард, ки ҷавони 18-солаи сокини шаҳри зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.