Абдусалом Саидов мегӯяд, ду сол аст, ки барои ҷазо гирифтани қотили духарчаи хурдсолаш дар Русия саргардону бекор аст. Ӯ умед дорад, ки қотили фарзандаш на танҳо ҷазо мегирад, балки товони ин саргардониҳояшро ҳам пардохт мекунад
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, ки соли 2018 дар шаҳри Серпухови назди Маскав фоҷеабор кушта шуд, мегӯяд аз қотили фарзандаш товон ситониданист.
Ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории “Sputnik” гуфтааст, ки рӯзи баргузории мурофиаи судӣ пас аз ба анҷом расидани тафтишоти парвандаи куштори духтараки 5-солаи тоҷик дақиқ шуд. Мурофиа рӯзи 20 ноябр, соатҳои 10-11 дар Суди вилоятии Маскав баргузор мешавад.
Саидов гуфт, ки гумонбари куштори духтарашро аз ҷиҳати равонӣ солим арзёбӣ карданд. Ӯ гуфт, бо сартабиби бемористоне, ки гумонбари куштори Ҳувайдо Александ Сёмин дар он бистарӣ буд, доим дар итибот буда, ниҳоят хабари сиҳат арзёбӣ шудани Сёминро сартабиб ба ӯ расонид. "Ба гуфтаи табиб, ҷониби гумонбаршаванда ба вай 3 миллион рубл пора пешниҳод кардааст, то Александр Сёминро бемори рӯҳӣ арзёбӣ кунад, аммо табиб рад кардааст", - мегӯяд падари Ҳувайдо.
Абдусалом мегӯяд, як моҳ пештар аз бемористони рӯҳӣ гуфта буданд, ки гумонбаршавандаи куштори духтарашро ба СИЗО мебаранд. "Аммо ҳоло маълумоте надорам, ки бурданд ё не. То ҷое медонам, гумонбар бояд дар мурофиаи навбатӣ иштирок кунад", - афзуд вай.
Падари Ҳувадо мегӯяд, ду сол мешавад, ки барои ҷазо гирифтани қотили духтараш саргардон аст ва мубориза мебарад. "Дар ин ду сол чанд бор адвокатам иваз шуд. Мошини якеашро дар хонааш оташ заданд, якеаш паси панҷара рафт, ба худам пора пешниҳод карданд, таҳдид карданд ва ба садама дучорам карданд, аммо аз роҳам барнамегардам", - мегӯяд вай.
Падари Ҳувайдо гуфт, ки ин муддат натавонист дар ҷое кор кунад, хонаводаашро, ки тифли бемор доранд, аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ кунад. Вай гуфт, ки товони ҳамаи инро аз қотили Ҳувайдо ситониданист. "Ба судмуроҷиат мекунам, ки бар замми таъини ҷазо қотили духтарам ба ман товон диҳад", - гуфт дар анҷом Саидов.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи даҳшатбори таҷовуз ва куштори Ҳувайдои 5 - сола 2 сол пеш - тобистони соли 2018 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дода буд. Ҳувайдо аз майдончаи бозии кӯдакона нападид шуд ва рӯзи дигар ҷасадашро дар даруни борхалтае аз назди роҳи оҳан пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз Александр Сёмин чун гумонбар дастгир шуда буд.