Spitamen
АЛОМАТ ВА НИШОНАҲОИ ДИАБЕТИ ҚАНД КАДОМҲОЯНД?
1006

 

Диабети навъи 1-ум

Диабети қанди навъи 1-ум ба таври ногаҳонӣ ва аломатҳои зерин зуҳур карда метавонад:

  • Ташнагии сахт ва хушк шудани даҳон.
  • Зуд-зуд пешобкунӣ.
  • Шабона пешобро дошта натавонистан.
  • Бемадорӣ ва хастагии зиёд.
  • Эҳсоси гуруснагии пайваста.
  • Якбора партофтани вазн.
  • Хира шудани чашм.

Диабети навъи 1-ум бо назардошти нишонаҳои дар боло қайдшуда ва натиҷаи ташхиси сатҳи глуюкоза дар хун муайян карда мешавад.

Диабети навъи 2-юм

Нишонаҳои диабети қанди навъи 2-юм инҳоянд:

  • Зуд-зуд пешобкунӣ.
  • Ташнагии аз ҳад зиёд.
  • Гуруснагии шадид.
  • Хира шудани чашм.
  • Бемадорӣ ва хастагии зиёд.
  • Шахшавӣ ва карахтии дасту пойҳо.
  • Бо душворӣ сиҳат шудани яра ва сироятҳои такрорӣ.

Аксари нафарони гирифтори диабети навъи 2-юм муддати мадид аз бемории худ дарак намеёбанд, зеро аломатҳои беморӣ одатан ба мисли нишонаҳои диабети навъи 1 ошкор нестанд ва то муайян кардани ташхис солҳо тӯл кашиданаш мумкин аст.

Диабети қанд чӣ гуна муайян карда мешавад?

Чанд воситаи муайян намудани диабети қанд вуҷуд дорад. Барои дақиқ намудани диабет аз ташхисҳои зерин гузаштан лозим аст:

·         Таҳлили гемоглабини гликад (HbA1c). Сатҳи миёнаи қанди хунро дар 2-3 моҳи охир чен мекунанд. Барои гузаронидани ташхиси мазкур ба шумо гуруснагӣ кашидан ё ягон хӯроки махсус истеъмол кардан лозим нест.

  • Таҳлили глюкозаи плазма дар шиками гурусна. Сатҳи глюкозаро дар шиками гурусна муайян месозад. Барои гузаронидани он муддати 8 соат қабл аз ташхис ба ғайр аз об чизе истеъмол кардан лозим нест. Ташхис асосан субҳгоҳон то наҳорӣ анҷом дода мешавад.
  • Санҷиши таҳаммулпазирии глюкозаи шифоҳӣ (ПТТГ). Ин навъи ташхис аксуламали ҷисми шуморо ба сатҳи қанд муайян менамояд. Барои гузаронидани ташхиси мазкур нӯшокии махсуси ширин нӯшидан лозим аст. Сатҳи қанд дар хун то ё баъди нӯшидани нӯшокӣ муайян карда мешавад.
  •  
  • Андозаи глюкозаи плазма дар ҳар вақт (ГПР). Сатҳи қанд дар хун дар ҳар лаҳзаи рӯз, бе омодагии пешакӣ муайян карда мешавад. Ташхиси мазкур асосан вақте гузаронида мешавад, ки инсон нишонаҳои диабети қанд, аз қабили яку якбора харобшавӣ, хастагии зиёд ё дигар аломатҳои бемории диабети қандро дошта бошад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД